Корхонаи истеҳсоли мошинҳои ҳарбӣ, коллеҷу мактаби замонавӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ифтитоҳ кард?

Имрӯз, 24-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода қарор дорад бо Лоиҳаи банақшагирии маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисмати марказии шаҳри Турсунзода шинос шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, барои татбиқи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода 128 гектар замин илова гардида, масоҳати умумии […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Имрӯз, 24-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода қарор дорад бо Лоиҳаи банақшагирии маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисмати марказии шаҳри Турсунзода шинос шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, барои татбиқи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода 128 гектар замин илова гардида, масоҳати умумии маркази шаҳр ба 778 гектар расонида мешавад, ки ин барои 100 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷойи манзилҳои як ва дуқабата ва хобгоҳҳои дуошёна, инчунин биноҳои кӯҳнаву фарсудаи маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисмати марказии шаҳр дар масоҳати зиёда аз 86 гектар 270 бинои истиқоматии 6, 9, 10 ва 16 ошёна бунёд мегарданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати алюминийи тоҷик” шинос шуд.

Гуфта мешавад муҳлати амалишавии марҳилаи аввали лоиҳа 14 моҳро ташкил медиҳад ва иқтидори истеҳсолӣ дар ин марҳила 80 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад. 

Дар доираи ин сафар президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Гуфта мешавад, иншооти таълимӣ аз 2 ошёна ва 5 қисм иборат буда, бо 27 синфхона, 1 китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 196 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор”-ро мавриди истифода қарор дод.

Раванди дарс дар муассисаи нави таълимии 2-ошёна, ки барои 400 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст, бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Раисҷумҳури кишвар дар шаҳри Турсунзода ҳамчунин, бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.

Бинои нав аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар он барои кормандони мақомоти милитсия тамоми инфрасохтори зарурӣ бо дарназардошти талаботи замон фароҳам оварда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сипар гурӯҳ” – ро ба истифода доданд.

Корхонаи “Сипар гурӯҳ” дар доираи “Солҳои рушди саноат”, 2022 – 2026 ва татбиқи ҳадафҳои “Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Тоҷикистон барои соли 2025” сохта шуда, самти фаъолияти асосии он ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ равона гардидааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз Хоҷагии деҳқонии “Сомон-2016” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуд.

Хоҷагии мазкур 3 гектар заминро дар ихтиёр дошта, ба парвариши бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ, тарбуз, ҷуворимакка барои дон ва дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошад.

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” ташриф оварда, бо ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шинос шуд.

Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” соли 2018 таъсис дода шуд. Дар тавозуни хоҷагӣ 64 гектар замин мавҷуд буда, аз ин ҳисоб дар масоҳати 1,2 гектар пиёзи барвақтӣ ва дар як гектар гандум кишт карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.