Пешниҳоди тадбирҳо ба мақомоти Тоҷикистон барои тавсеъаи иштироки занон дар тиҷорати байналмилалӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Занон дар Тоҷикистон ба мушкилоти зиёде, ки ба онҳо ҷиҳати иштироки ҳамаҷониба дар тиҷорати байнулмилалӣ имкон намедиҳад, дучор мешаванд, гуфта мешавад дар таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон: Тиҷорати фаромарзӣ дар андозагирии гендерӣ”.

Дар таҳқиқот зикр мешавад, ки густариши тиҷорати байнулмилалӣ барои коҳиши миқёси фақр, афзоиши имконоти шуғл ва болоравии даромад, бахусус барои заноне, ки дар бахшҳои содиротӣ кор мекунанд, муҳим аст.

Аммо муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки занон дар Тоҷикистон бо мушкилоти мухталиф рӯбарӯ ҳастанд, ки монеи ширкати комил дар тиҷорат мешаванд.

Ин монеаҳо ба мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот, истифодаи пардохтҳои электронӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои электронӣ, пешакӣ анҷом додани расмиёти эъломияи мол, машварат бо ҳукумат, инчунин ба иштирок дар иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ё соҳавӣ марбутанд.

Барои бартараф намудан мушкилот ба ҳукумати Тоҷикистон роҳандозии тадбирҳоизерин тавсия мешавад:

– суръат бахшидан ба татбиқи пурра ва самараноки Созишнома бо Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар самти соддагардонии тиҷорат;

— таҳким ва пешбурди фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти тиҷорат;

– беҳтар намудани дастрасӣ ба муқаррарот ва қоидаҳои танзимкунандаи реҷаи сарҳадӣ;

– беҳбуди машваратҳои мунтазами расмӣ байни давлат ва бахши хусусӣ, бахусус бо корхонаҳое, ки занон ба онҳо роҳбарӣ мекунанд;

– баррасии қоидаҳои расмии ҳалли арзу шикоят ва ба таври дастрасу фаҳмо расонидани ин маълумот ба ҳамагон;

– таҳким ва пешбурди низоми эъломия ва фароҳам овардани зерсохтори мувофиқ дар мақомоти гумрук ва дигар мақомоти сарҳадӣ;

– беҳтар намудани хидматрасонии зерсохторӣ ва шароити мусоид дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ;

– ҷалби бештари занон ба кор ва беҳтар намудани шароити кор дар гумрук ва дигар мақомоти сарҳадӣ, инчунин дар постгоҳҳои сарҳадӣ;

– беҳтар кардани дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар тиҷорат.

Дар доираи таҳқиқот аз моҳи март то ноябри соли 2022 дар байни 401 ширкати тиҷоратии фаромарзӣ ва 31 брокер (даллолҳо)-и гумрукӣ назарсанҷӣ гузаронида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...