Тоҷикистон мусобиқаи футболи олимпии КФО-ро тирамоҳи соли 2023 қабул мекунад

Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» бозӣ мекунад. Ин мусобиқа ҳамзамон марҳилаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж аст. Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «I» аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» бозӣ мекунад. Ин мусобиқа ҳамзамон марҳилаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж аст.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «I» аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир гардида,  рақибони дастаи мо мунтахабҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ хоҳанд буд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи қуръакашӣ 43 даста ба 11 гурӯҳ тақсим шуд. Ғолибони гурӯҳ ва инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойи 2-юмро ишғолкарда ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷорми Осиё-2024 (U-23):

Гурӯҳи «А»: Урдун (мизбони гурӯҳ), Сурия, Уммон, Бруней.

Гурӯҳи «В»: Кореяи Ҷанубӣ (мизбони гурӯҳ), Мянма, Қирғизистон, Қатар.

Гурӯҳи «С»: Ветнам (мизбони гурӯҳ), Сингапур, Яман, Гуам.

Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Баҳрайн (мизбони гурӯҳ), Фаластин, Покистон.

Гурӯҳи «Е»: Ӯзбекистон (мизбони гурӯҳ), Эрон, Гонконг, Афғонистон.

Гурӯҳи «F»: Ироқ, Кувейт (мизбони гурӯҳ), Тимори Шарқӣ, Макао.

Гурӯҳи «G»: Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Малдив, Чин (мизбони гурӯҳ).

Гурӯҳи «H»: Таиланд (мизбони гурӯҳ), Малайзия, Бангладеш, Филиппин.

Гурӯҳи «I»: Австралия, ТОҶИКИСТОН (мизбони гурӯҳ), Лаос, Кореияи Шимолӣ.

Гурӯҳи «J»: Арабистони Саудӣ (мизбони гурӯҳ), Камбоҷа, Лубнон, Муғулистон.

Гурӯҳи «K»: Туркманистон, Индонезия (мизбони гурӯҳ), Тайбейи Чин.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаҳои марҳилаи интихобии олимпӣ Тоҷикистон аз соли 1996 иштирок карда, лекин ҳоло ягон маротиба ба Олимпиада роҳ наёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.