Чанд нафар ҳаққи тарки Тоҷикистонро надоранд?

Моҳи апрели соли равон аз таъсиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 сол гузашт.  Давоми фаъолияти худ ин ниҳод дар самти иҷрои санадҳои судӣ баъзе иқдомҳоеро рӯи даст гирифт. Аз ҷумла, таъсиси “Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон”. Ҳадафи он ба таври иҷборӣ ситонидани қарзҳое аст, ки тибқи санади судӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муваззаф шудаанд. […]

Asia-Plus

Моҳи апрели соли равон аз таъсиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 сол гузашт.  Давоми фаъолияти худ ин ниҳод дар самти иҷрои санадҳои судӣ баъзе иқдомҳоеро рӯи даст гирифт.

Аз ҷумла, таъсиси “Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон”. Ҳадафи он ба таври иҷборӣ ситонидани қарзҳое аст, ки тибқи санади судӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муваззаф шудаанд.

Ҳоло 7,3 ҳазор қарздор дар ин феҳрест ворид шудаанд, ки нисбати онҳо чораҳои иҷборан ситонидани қарз андешида мешавад.

Таъсиси “Низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи қарздорон аз ҳудуди Тоҷикистон” аз дигари тасмимҳои ин ниҳод аст. Шаҳрвандоне, ки номашон дар ин низом ҳаст, наметавонанд Тоҷикистонро тарк кунанд. То ҳол ба воситаи ин низом нисбат ба 9 ҳазору 343 нафар маҳдудият тарки кишвар ҷорӣ карда шудааст.

Яке аз дигар самтҳои фаъолияти ин ниҳод, ситонидани маблағи алимент аст. Ин ниҳод танҳо дар соли 2022 ҳудуди 40 млн сомонӣ алимент рӯёнидааст.

Тибқи иттилои Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷро давоми 5сол ба истеҳсолоти иҷроҷиёни ин ниҳод 244 ҳазору 726 ҳуҷҷат вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ ворид гардида, бо татбиқ намудани чораҳои иҷрои маҷбурӣ,  иҷрои воқеии 196 ҳазору 871 (ё 80,4%) ҳуҷҷати иҷро ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ таъмин гардидааст.

Аз ҳисоби ҳуҷҷатҳои иҷро ба манфиати буҷети кишвар 179,0 млн. сомонӣ, 33,2 млн. рубли Федератсияи Русия, 1,3 млн. доллари ИМА, 13,4 млн. риёли Арабистони Саудӣ, 200 ҳазор фунт стерлинги Британияи Кабир ва 306,1 ҳазор суми Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯёнида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.