“Рӯйхати сиёҳи қарздорон”. Беш аз 9 ҳазор нафар наметавонанд Тоҷикистонро тарк кунанд

Дар Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон аллакай ҳудуди 7,2 ҳазор нафар шахсони воқеӣ ва 203 шахси ҳуқуқӣ қарор доранд, ки тартиби пешбурди он бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ тасдиқ шудааст. Дар ин бора, зимни мизи мудаввари “Татбиқи Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва мушкилоти он”, ки бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии […]

Дар Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон аллакай ҳудуди 7,2 ҳазор нафар шахсони воқеӣ ва 203 шахси ҳуқуқӣ қарор доранд, ки тартиби пешбурди он бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ тасдиқ шудааст.

Дар ин бора, зимни мизи мудаввари “Татбиқи Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва мушкилоти он”, ки бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, сардори Раёсати Хадамоти иҷрои назди ҳукумати ҷумҳурӣ Барно Саидвализода хабар дод. Дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти судӣ ва прокуратура, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Вазорати молия, Кумитаи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Бонки миллӣ, инчунин баъзе ташкилотҳои дигар иштирок доштанд.

Ин масъули давлатӣ таъкид намуд, ки нисбати беш аз 9,3 ҳазор қарздор маҳдудияти хориҷ шудан аз кишвар ҷорӣ гардидааст.

Тадбирҳои андешидашуда, ба гуфтаи Саидвализода, натиҷаи мусбат доданд: ҳудуди 2,2 ҳазор қарздор қарзҳои худро пардохт карданд, ки маблағи умумии онҳо 9,4 миллион сомониро (беш аз 862 ҳазор доллар) ташкил додааст.

Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон бо қарори ҳукумат 2 марти соли равон тасдиқ карда шуд. Дар Феҳрист маълумот дар бораи қарздороне, ки тибқи қарорҳои суд бояд қарзро пардохт кунанд, вале бо гузашти се моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд онҳо ба пардохти қарзи худ шурӯъ накардаанд, зикр карда мешавад.

Дар рӯйхат маълумот дар бораи қарздорон – мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсоне, ки аз оғози давраи пардохти ҳатмӣ то 3 моҳ нагузаштаанд, ворид карда нашудааст.

Феҳрист дар шакли коғазӣ ва электронӣ пеш бурда мешавад. Шакли электронии Феҳрист дар вебсайти Хадамоти иҷро ҷойгир карда шудааст.

Феҳрист кадом маълумотро дар бар мегирад?

Феҳристи қарздорон маълумоти зеринро дар бар мегирад:

– номи пурраи карздор – шахси воқеӣ, ҷойи истиқомат, сана ва ҷойи таваллуд, ҷойи кор, агар маълум бошад, рақами мушаххаси андозсупоранда;

– номи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, суроғаи шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоби бонкӣ;

-рақам ва санаи оғоз намудани истеҳсолоти иҷро;

– санади судӣ, санади мақомоти давлати ё шахси мансабдор ва санаи кабули он;

– номи пурраи даъвогар – шахси воқеӣ, ҷойи истиқомати ӯ, сана ва маҳалли таваллуд, рақами мушаххаси андозсупоранда;

– номи даъвогар – шахси ҳуқуқӣ, суроғаи шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоби бонкӣ;

– мазмуни ҳуҷҷати иҷроия, ки маблағи ситонидашавандаро нишон медиҳад;

– маълумот дар бораи иҷрои талаботи хуҷҷатҳои иҷроия;

– санаи аз феҳрист хориҷ намудани қарздор.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.