Донишҷӯён: “Облава” карданд. Милитсияи пойтахт: Нофаҳмӣ шуд

Милитсияи пойтахт ба навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда, ки гуфта мешуд сарбозшикор ё “облава”-и хатмкунандагони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст, вокуниш карда, гуфтааст, дар асл бо донишҷӯён оид ба ихтиёрӣ рафтан ба хидмати ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст, вале донишҷӯён аз нофаҳмӣ “бетартибӣ намудаанд”. Дирӯз, 29-уми май, Радиои Озодӣ бо нашри чанд аксу навор навишт, ки […]

Asia-Plus

Милитсияи пойтахт ба навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда, ки гуфта мешуд сарбозшикор ё “облава”-и хатмкунандагони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст, вокуниш карда, гуфтааст, дар асл бо донишҷӯён оид ба ихтиёрӣ рафтан ба хидмати ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст, вале донишҷӯён аз нофаҳмӣ “бетартибӣ намудаанд”.

Дирӯз, 29-уми май, Радиои Озодӣ бо нашри чанд аксу навор навишт, ки “гуруҳе аз донишҷӯёни соли охири Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ҳангоми супоридани имтиҳон аз дохили муассиса ва маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд”.

Намояндагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҷалби иҷбории хатмкунандаҳоро ба хидмат рад карда, гуфтанд, “21 хатмкунанда бо хоҳиши худ ба артиш рафтанд”.

Дар иттилоияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ки шоми дирӯз, 29-уми май, нашр шуд, омадааст, ки воқеан, рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ, кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб бо мақсади ҷалби хоҳишмандон ба хизмати ҳарбӣ бо хатмкунандагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино мулоқот доир намудаанд.

“Дар натиҷаи нодуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ баъзе аз донишҷӯён мулоқотро тариқи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудан гумон карда, бетартибӣ намудаанд”, – омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

Манбаъ гуфтааст, ки ба амалкарди масъулони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб эроди ҷиддӣ гирифта шуд.

Хабарҳо дар робита ба ҷалби иҷбории донишҷӯён ба артиш зиёд садо медиҳад, вале мақомот пайваста бо нашри аксу наворҳои видеоӣ аз ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафтани донишҷӯён ситоиш мекунанд.

Қаблан, мақомот иттилоъ дода буданд, ки давоми 40 рӯзи маъракаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон нақшаи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 76 дарсад иҷро шудааст. Он замон гуфта мешуд, ки шаҳри Душанбе ва ВМКБ нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд.

Шикоят аз ҷалби иҷбории донишҷӯён ба артиш дар ҳолест, ки то анҷоми маъракаи давъати ҳарбии баҳорӣ дар Тоҷикистон ду рӯзи дигар боқӣ мондааст.

Кушишҳои мо барои дарёфти иттилоъ дар бораи иҷрои нақшаи даъват ба ҳолати имрӯза бенатиҷа анҷом ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки масъалаи ҷалби шаҳрвандони синни даъват ба хидмати ҳарбӣ ва саркашии ҷавонон аз он чанд сол аст боиси баҳсҳои доғ дар ҷомеа мегардад.

Дар аксар ҳолат ҷавонон шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва ҳодисаҳои марги аскаронро аз омилҳои аслии саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ мегӯянд.

Воқеан, дар чанд солаи ахир шеваи ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш, ба мисли “гаравгонгирии волидайн”-у “шикор дар фурудгоҳ” расонаӣ мешаванд. Ахиран, навори латукӯби наваскарон аз ҷониби ҳамхидматони худ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ паҳн шуд, боиси такроран оғоз шудани баҳсҳо гардид.

Мақомоти масъули кишвар на ҳамеша ҳодисаҳои зикргардидаро шарҳ медиҳанд ва пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Маврид ба зикр аст, ки мақомот барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд, ваъдаи таъмини оилаи онҳо дар давоми хидмат, пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ва ғайраро низ пешниҳод менамоянд. Вале маълум мешавад, ки ин имтиёзҳо вазъро тағйир намедиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.