Ба сарбози тоҷик, ки ҳангоми муноқишаи марзӣ дар Исфара кушта шуд, “Ордени Шараф” доданд

Аслан Миниқулов, сарҳадбони тоҷик, ки ҳангоми ҳифзи марзи Ватан, 14-уми сентябри соли 2022, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон қаҳрамонона ҷон бохт, бо “Ордени Шараф дараҷаи 2” қадрдонӣ карда шуд. Имрӯз, 6-уми июн, генерал-майёр Тӯрабек Назарзода, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, зимни ҷаласаи тантанавӣ, ки дар мактаби №8-и шаҳри Бохтар баргузор шуд, орденро ба модари Аслан Миниқулов […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Аслан Миниқулов, сарҳадбони тоҷик, ки ҳангоми ҳифзи марзи Ватан, 14-уми сентябри соли 2022, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон қаҳрамонона ҷон бохт, бо “Ордени Шараф дараҷаи 2” қадрдонӣ карда шуд.

Имрӯз, 6-уми июн, генерал-майёр Тӯрабек Назарзода, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, зимни ҷаласаи тантанавӣ, ки дар мактаби №8-и шаҳри Бохтар баргузор шуд, орденро ба модари Аслан Миниқулов тақдим намуд.

Дар ин бора маркази матбуоти раиси шаҳри Бохтар хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин ниҳод, Тӯрабек Назарзода ҳангоми тақдими орден аз ҳамаи онҳое, ки барои ҳифзи Ватан ҷон бохтаанд, ёд карда, ба волидони онҳо барои тарбияи чунин фарзандони шуҷоъ миннатдорӣ кардааст.

Қаблан, мактаби №8-и шаҳри Бохтар, ки Аслан Миниқулов онро хатм кардааст, ба номи ӯ гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки Аслан Миниқулов 3-юми августи соли 2003 дар шаҳри Бохтар таввалуд шуда, соли 2021 ба сафи Қувваҳои мусалаҳи кишвар даъват гардидааст. Ӯ 14-уми сентябри соли 2022 ҳангоми ҳифзи марзи Ватан аз тири нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон кушта шуд.

Ёдовар мешавем, ки муноқишаи марзии ахир миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон моҳи сентябри соли 2022 рух дод ва дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб беш аз 100 нафар куштаву садҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.