Зафар Мирзоён, донишманди шинохтаи тоҷик даргузашт

Зафар Мирзоён, донишманди маъруфи тоҷик, субҳи имрӯз, 7-уми июн, дар синни 74 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ӯ зодаи ноҳияи Ховалинг буд ва дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба ҳайси мушовири ректор фаъолият мекард. Зафар Мирзоёнро пас аз намози пешин дар масҷиди марказии ноҳияи […]

Муборак Қосим, рӯзноманигори шаҳрвандии "Asia-Plus"

Зафар Мирзоён, донишманди маъруфи тоҷик, субҳи имрӯз, 7-уми июн, дар синни 74 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ӯ зодаи ноҳияи Ховалинг буд ва дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба ҳайси мушовири ректор фаъолият мекард.

Зафар Мирзоёнро пас аз намози пешин дар масҷиди марказии ноҳияи Ховалинг ҷаноза ва дар зодгоҳаш ба хок месупоранд.

Ӯ 5-уми майи соли 1949 таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёна дар зодгоҳаш, соли 1972 факултаи шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст. Солҳои дароз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб фаъолият дошт.

Зафар Мирзоён муҳаққиқи рӯзгор ва осори Фирдавсӣ буд ва беш аз 10 сол роҳбари маҳфили "Шоҳономахонӣ"-ро ба зимма дошт. 

 Ҳамзамон, солҳои 2010-2015 дар кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо донишҷӯёни факулта пиромуни мавзӯъҳои “Баёни андеша бо забони тоҷикӣ”, “Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир” дарс додааст. Ӯ дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистӣ нашр кардааст.

Андешаҳои ӯ то ҳол дар 3 китоб бо унвонҳои “Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллии тоҷикон” (Душанбе, 2013), “Ниёиши некон ва покон” (Душанбе, 2014) ва “Худовандагори сухани порсӣ” (Душанбе, 2015) ба табъ расонидааст.

Ӯ ҳамчунин раиси бахши минтақаи Кӯлоби Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.