Мишустин: Русия ва Тоҷикистон ба ҳимояи тиҷорат аз таҳримҳои Ғарб бештар таваҷҷуҳ мекунанд

ТАСС

Сарвазири Русия Михаил Мишустин изҳор дошт, ки Русия ва Тоҷикистон ба густариши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳифзи ҳамкориҳои дуҷониба аз таҳримҳои ғайриқонунии Ғарб афзалият медиҳанд.

"Мо тавассути ҳукумат иҷрои тавофуқоти раҳбаронамонро таъмин мекунем, ба таҳкими равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва ҳамкории мутақобила, ҳифзи он аз таҳримҳои ғайриқонунии Ғарб афзалият медиҳем", – иброз доштааст Мишустин рӯзи 8 июн зимни мулоқот бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода.

Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, Мишустин ёдовар шудааст, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст: дар соли 2022 гардиши мутақобилаи мол байни кишварҳо 18% афзоиш ёфта, қариб ба 105 млрд рубл расидааст.

“Сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон афзоиш ёфта, ширкатҳои ватанӣ дар бахши энергетика, иқтисоди рақамӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва як қатор бахшҳои дигар фаъолона кор мекунанд», – гуфтааст сарвазири Русия.

Ба гуфтаи Мишустин, ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

“Имсол баргузории Рӯзи синамои Русия ва Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар назар аст”, – изҳор доштааст ӯ.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки аз 1 сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон панҷ мактаби таҳсилоти умумии аз ҷониби Русия сохташуда бо таълим ба забони русӣ ва тибқи меъёрҳои таълимии Русия ба кор шурӯъ карданд.

"Ва ман боздид аз яке аз ин мактабҳо – мактаби ба номи Юрий Гагаринро низ бо камоли мамнуният ба ёд меорам. Ман дар моҳи март ҳангоми сафари худ ба Душанбе аз он боздид кардам, аз худи мактаб, суҳбат бо хонандагони он, рӯҳияи дӯстӣ ва хотираи умумии таърихӣ, фарҳанг ва толибилмону омӯзгорони ин муассиса таассуроти беҳтарин бардоштам. Ташаккури зиёд барои ин лоиҳа”, – зикр кардааст Мишустин.

Сарвазири Русия гуфтааст, ба тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ки ба афзоиши гардиши мол, ҷалби сармоя ва роҳандозии лоиҳаҳои нави муштараки ҳамкорӣ мусоидат мекунад, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Сочии Русия қарор дошта, чанде пеш дар ин ҷо ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) доир гардид. Дар он Қоҳир Расулзода ба сифати меҳмони даъватшуда ширкат варзид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...