Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии “Суғд-2023” баргузор мешавад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Аз 22 то 24-уми июн дар Қасри варзиш шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи IX-уми байналмилалии “Суғд-2023” баргузор мешавад. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи намоиш роҳандозии ҳамкориҳои бо кишварҳои дигар, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои муосир, муаррифии маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон мебошад.

Дар доираи ин форуми тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ имзои созишномаҳои ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии “Суғд” сар аз соли 2014 инҷониб дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад ва тоҷикону меҳмонон аз даҳҳо мамолики олам дар он ширкат меварзанд.

Соли 2022 беш аз 500 меҳмон аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Эрон, Чин, Туркия ва Арабистони Саудӣ дар чунин ярмарка ширкат карда, 60 шартнома имзо гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...