Мусовии мунтахаби Тоҷикистон дар аввалин бозии «CAFA Nations Cup-2023»

Рӯзи якшанбе, 11 июн дар Тошканд бозиҳои даври якуми мусобиқоти Ҷоми Миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA Nations Cup-2023) дар гурӯҳи «А» баргузор шуданд. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, футболбозони тоҷик вохӯрии аввалини худро бо тими Туркманистон баргузор намуданд. Бозӣ бо бартарии футболбозони тоҷик сурат гирифта, вале мусовӣ – 1:1 анҷом пазируфт. Гуфта […]

Рӯзи якшанбе, 11 июн дар Тошканд бозиҳои даври якуми мусобиқоти Ҷоми Миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA Nations Cup-2023) дар гурӯҳи «А» баргузор шуданд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, футболбозони тоҷик вохӯрии аввалини худро бо тими Туркманистон баргузор намуданд. Бозӣ бо бартарии футболбозони тоҷик сурат гирифта, вале мусовӣ – 1:1 анҷом пазируфт.

Гуфта мешавад, ҳисобро дар дақиқаи 57-ум бозингари тими Туркманистон Мурат Аннаев боз карда, се дақиқа пеш аз анҷоми вохӯрӣ ба Нуриддин Ҳамроқулов муяссар шуд, ки пас аз партофти Эҳсони Панҷшанбе аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро мусовӣ кунад.

Дар бозии дигари даври якуми ин гурӯҳ мизбони мусобиқа – мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:0 бар дастаи Уммон дастболо шуд.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи гурӯҳии «CAFA Nations Cup-2023» дар гурӯҳи “А” рӯзи чоршанбе, 14 июн баргузор мешаванд. Дар ин рӯз мунтахаби Тоҷикистон бо тими Уммон ва Ӯзбекистон бо дастаи Туркманистон бозӣ мекунанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал пас аз даври якум:

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.