“Хидматеро кард, ки Балъамӣ анҷом дода буд”. Таҷлили 75-солагии умр ва 55-соли фаъолияти эҷодии Ато Ҳамдам

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ато Ҳамдам, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва яке аз рӯзноманигорони собиқадори тоҷик, имрӯз, 13-уми июн, 75-сола шуд. Солгардӣ умр ва 55-солагии фаъолияти эҷодии адибро таҳти унвони “Ҳамдами дилҳо” дар зодгоҳаш – дар Қасри фарҳангии шаҳри Ҳисор таҷлил карданд.

Дар ин маҳфил чеҳраҳои адабиву фарҳангии кишвар ширкат доштанд ва роҳи дар 75 сол тайнамудаи адиб, рӯзноманигорон ва ходими давлатиро шоён хонданд.

Ин маҳфил бо табрикоти Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Ҳисор, Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, намояндагони Иттифоқи нависандагон, чеҳраҳои адабӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд. Он наздики 3 соат давом кард ва дар баробари ёдоварӣ аз хидматҳои ин адиби тоҷик, ҳамчунин, овозхонони маҳаллӣ ҳам шеъру сурудхонӣ карданд.

Аз ҷумла, Кароматулло Мирзо, Нависанда халқии Тоҷикистон дар Ато Ҳамдам гуфт, ӯ ҳар симматеро, ки бар дӯш дошт ва дар кори эҷодӣ ба кадом раванде, ки даст зад, комёб шуд ва аз худ дар адаб, фарҳанг, иҷтимоъ ва сиёсати кишвар нишона гузошт.

Ӯ таъкид кард, ки бо Ато Ҳамдам шогирдони як мактабанд ва дуои як устодро гирифтаанд.

“Дуои Ҳабибулло Назаров Ато Ҳамдамро рӯзноманигор ва сардабири маъруф, нависанда ва драмматурги шинохта, ходими содиқи давлатӣ ва нахустин вазири фарҳанги бофарҳанг кард. Имрӯз Ато Ҳамдам сараш баланд ва виҷдонаш дар назди худ, халқ ва ватанаш ором аст”, – иброз дошт Кароматулло Мирзо.

Файзулло Баротзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши фаъолияти сиёсии ин адиби тоҷикро васф карда, гуфт, ӯ замоне вазири фарҳанг таъйин шуд, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад ва душвортарин лаҳзаҳои кишвардорӣ буд, вале ӯ барои хидмат ба миллаташ камари ҳиммат баст.

“Ато Ҳамдам ба ҳайси нахустин вазири фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол ба миллати тоҷик он хидматеро кард, ки вазир Балъамӣ дар дарбори Сомониён анҷом дод. Ӯ дар замони ҷанг падидаи фарҳангиро ба вуҷуд овард, чорабиниҳои фарҳангиро ташкил кард, рӯҳияи мардуми тоҷикро бо умеду орзуҳо нигоҳ дошт”, – зикр мекунад Файзулло Баротзода.

Марям Исоева, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз кори драмматургии соҳибҷашн ёдоварӣ кард.

Ӯ, ки дар нахустин драммаи Ато Ҳамдам бо номи “Писари ватан” яке аз нақшҳои марказиро бозидааст, гуфт, драммаҳое, ки ӯ менависад, ба дарди театр ва тамошобини он мехӯрад.

“Соҳибҷашн ҳам драммаи мазҳакавӣ навишта метавонад ва ҳам драммаи фоҷеавӣ эҷод мекунад. Мақсади театр тарбият намудан ва инсон сохтан аст ва драммаҳои Ато Ҳамдам ин вазифаро анҷом дода метавонад”, – иброз дошт ин ҳунарпешаи тоҷик дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

ВРЕЗКА В МАТЕРИАЛ


Ато Ҳамдам хатмкардаи риштаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) ва журналистикаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд аст. Ӯ беш аз 10 сол сардабири рӯзномани “Комсомоли Тоҷикистон” буд ва аз ин минбар шӯҳратёб шуд. Баъд аз ин, аввалин вазири фарҳанги Тоҷикистон ва мушовири калони раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд. Муддате директори нашрёти “Адиб”-ро ба ӯҳда дошт ва аз соли 2009 сармуҳаррири нашриёти “Эр-граф” ва ҳамраиси Анҷумани тарҷумонҳо ва ноширони давлатҳои ИДМ ва кишварҳои назди Балтика аст.

Марям Исоева, ки  дар театру синамои тоҷик аслан бо нақши модар маъруф гардидааст, мегӯяд, Ато Ҳамдам барои кушодани образи модар дар драммаҳояш имрӯз дасти боло дорад ва умед мебандад, ки дар модарнавиштаҳои минбаъдаи ин драмматурги шинохта нақш меофарад.

Ато Ҳамдам ба таври расмӣ зодрӯзашро 13-уми июн қайд мекунад, вале худаш мегӯяд, зодаи 5-уми декабри соли 1949 аст. 

Мавсуф аз рӯзноманигорони номвар ва қолабшикани асри ХХ шинохта мешавад ва солҳо симмати сардабирии рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”-ро ба дӯш доштааст.

Дар замони сардабирии Ато Ҳамдам он пурнашртарин рӯзномаи вақти Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...