Суғд. Боздошти як мард барои никоҳ бо ноболиғ ва марди дигар барои сирояти ВНМО

Як сокини 33-солаи шаҳри Конибодом барои бастани ақди никоҳ бо духтари ноболиғи 17-сола ва як марди 39-сола барои сироят кардани зан бо ВНМО боздошт кардаанд. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Б.К., сокини Конибодом як сокини 17-солаи ноҳияи Рӯдакиро дидаю дониста, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, дар хонааш никоҳ кардааст. […]

Як сокини 33-солаи шаҳри Конибодом барои бастани ақди никоҳ бо духтари ноболиғи 17-сола ва як марди 39-сола барои сироят кардани зан бо ВНМО боздошт кардаанд. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Б.К., сокини Конибодом як сокини 17-солаи ноҳияи Рӯдакиро дидаю дониста, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, дар хонааш никоҳ кардааст.

Айни замон нисбати Б.К барои бастани ақди  никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст (моддаи 169), парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷарима ба андозаи аз ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) то 5 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Акбари Шариф, ҳамчунин иттилоъ дод, ки як марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) гирифтор буд, барои сироят кардани як зани 29-солаи шаҳри Истаравшан боздошт шудааст.

Ин мард дидаву дониста бе риояи қоидаҳои бехатарӣ бо як зани 29-сола алоқаи ҷинсӣ намуда, занро зери хавфи сироят ба ВНМО гузоштааст. Ин ҳодиса 9 июн рух додааст.

Айни замон нисбати сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов барои сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам (моддаи 125) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ин моддаи қонунгузорӣ маҳрум кардан аз  озодиро ба муҳлати аз  2 то 5 сол пешбинӣ намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.