Кумитаи занон донишҷӯйдухтарони ятиму нимятимро бо хобгоҳи ройгон таъмин мекунад

Date:

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон донишҷӯйдухтарони ятим ва нимятимро, ки дар литсейю коллеҷ ва донишкадаву донишгоҳҳои шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, бо хобгоҳи ройгон таъмин мекунад. Дар ин бора аз Маркази таълимиии “Чароғи ҳидоят”, ниҳоди зертобеи кумита ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, дар хобгоҳи онҳо, ки дар кӯчаи Нахимов ё маҳаллаи маъруф ба “Гипрозем”-и пойтахт ҷойгир буда, барои 100 духтар шароити хуби зиндагӣ ва дарстайёркунӣ муҳайё ва таҳти назорати  доимии дурбинҳои назоратӣ аст.

“Ҳоло чанде аз духтарон донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳоро хатм карда ба хонаҳояшон мераванд, аз ин рӯ ба ҷои онҳо духтарони навро қабул мекунем”, – гуфт манбаъи мо аз ин марказ.

Ин марказ, бо нашри як эълон дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук“ низ хабар додааст, ки донишҷӯйдухтаронро бо 3 вақт хуроки гарм, сару либоси дарсӣ ва лавозимоти хониш таъмин карда, ҳамчунин, ба онҳо курсҳои омӯзишии иловагӣ низ ба роҳ мемонад.

Хоҳишмандон метавонанд, ба унвонии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба суроғаи кучаи академик Раҷабовҳо 3 то санаи 1-уми сентябри соли 2023 бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ятимӣ ё нимятимӣ муроҷиат карда, худро ба қайд гиранд.

Ҳамчунин, барои маълумоти иловагӣ метавонед ба рақамҳои 227-76-41, 907-37-37-37 муроҷиат намоед.

Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят”, ки зерсохтори Кумитаи кор бо занон ва оила аст, ки соли 2008 таъисис ёфта, яке аз вазифаҳояш таъмини духтарони ятим ва нимятим, ки дар шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, бо ҷои истиқомати ройгон мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...