Кумитаи занон донишҷӯйдухтарони ятиму нимятимро бо хобгоҳи ройгон таъмин мекунад

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон донишҷӯйдухтарони ятим ва нимятимро, ки дар литсейю коллеҷ ва донишкадаву донишгоҳҳои шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, бо хобгоҳи ройгон таъмин мекунад. Дар ин бора аз Маркази таълимиии “Чароғи ҳидоят”, ниҳоди зертобеи кумита ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Манбаъ гуфт, дар хобгоҳи онҳо, ки дар кӯчаи Нахимов ё маҳаллаи маъруф ба “Гипрозем”-и пойтахт […]

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон донишҷӯйдухтарони ятим ва нимятимро, ки дар литсейю коллеҷ ва донишкадаву донишгоҳҳои шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, бо хобгоҳи ройгон таъмин мекунад. Дар ин бора аз Маркази таълимиии “Чароғи ҳидоят”, ниҳоди зертобеи кумита ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, дар хобгоҳи онҳо, ки дар кӯчаи Нахимов ё маҳаллаи маъруф ба “Гипрозем”-и пойтахт ҷойгир буда, барои 100 духтар шароити хуби зиндагӣ ва дарстайёркунӣ муҳайё ва таҳти назорати  доимии дурбинҳои назоратӣ аст.

“Ҳоло чанде аз духтарон донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳоро хатм карда ба хонаҳояшон мераванд, аз ин рӯ ба ҷои онҳо духтарони навро қабул мекунем”, – гуфт манбаъи мо аз ин марказ.

Ин марказ, бо нашри як эълон дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук“ низ хабар додааст, ки донишҷӯйдухтаронро бо 3 вақт хуроки гарм, сару либоси дарсӣ ва лавозимоти хониш таъмин карда, ҳамчунин, ба онҳо курсҳои омӯзишии иловагӣ низ ба роҳ мемонад.

Хоҳишмандон метавонанд, ба унвонии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба суроғаи кучаи академик Раҷабовҳо 3 то санаи 1-уми сентябри соли 2023 бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ятимӣ ё нимятимӣ муроҷиат карда, худро ба қайд гиранд.

Ҳамчунин, барои маълумоти иловагӣ метавонед ба рақамҳои 227-76-41, 907-37-37-37 муроҷиат намоед.

Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят”, ки зерсохтори Кумитаи кор бо занон ва оила аст, ки соли 2008 таъисис ёфта, яке аз вазифаҳояш таъмини духтарони ятим ва нимятим, ки дар шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, бо ҷои истиқомати ройгон мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.