Теъдоди қурбониёни оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда дар Тоҷикистон зиёд шуд

Тайи шабонарӯзи гузашта теъдоди ҳалокшудагон аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва риоя накардани қоидаҳоии рафтор дар об афзуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ, рӯзи 12 июн бар асари риоя накардани қоидаҳои оббозӣ дар дарёи Сир сокини 41-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ғарқ шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз сокини 34-солаи ноҳияи Данғараи […]

Тайи шабонарӯзи гузашта теъдоди ҳалокшудагон аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва риоя накардани қоидаҳоии рафтор дар об афзуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ, рӯзи 12 июн бар асари риоя накардани қоидаҳои оббозӣ дар дарёи Сир сокини 41-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ғарқ шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз сокини 34-солаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар обанбори НОБ-и Сангтӯда ба ҳалокат расид.

Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагони Кумита ҳамроҳ бо аҳолии минтақа ҷасади ҳалокшудагонро пайдо ва ба хешовандонашон супурданд.

Аз зарбаи барқ ҳалок шуданд

Хадамоти матбуоти Кумита инчунин дар бораи лигар ҳодисаҳои нохушӣ рӯзи гузашта хабар медиҳад.

Чунончи, як ронандаи 43-солаи мошини боркаши тамғаи «DAF», сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар ҳудуди деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ҳангоми боз кардани дари ақиби бордони мошин ба ноқили барқӣ бархӯрда, бар асари расиши қувваи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Баробари мушоҳидаи ин ҳодиса ронандаи дигари ин мошини боркаш, сокини 26-солаи ҳамин ноҳия ба кумаки ӯ шитофт, вале ӯ низ аз таъсири қувваи барқ ҳалок шуд.

Ин ҳарду зодагони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич буданд. Аввалӣ соҳиби 4 фарзанд ва дуюмӣ оиладор буд, вале фарзанд надошт. Ҳарду аз як авлод: тағову ҷиян.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ хоҳиш мекунад вақти оббозӣ ва будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариву амниятро ҷиддан риоя намуда, дар ҷойҳои мамнуъ ва ба танҳоӣ дар шабҳангом дар ҳоли мастӣ оббозӣ накунанд.

Ба волидон тавсия дода мешавад, ки фарзандони ноболиғи худро тани танҳо нагузоранд ва ҳамеша онҳоро назорат намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.