Теъдоди қурбониёни оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда дар Тоҷикистон зиёд шуд

Asia-Plus

Тайи шабонарӯзи гузашта теъдоди ҳалокшудагон аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва риоя накардани қоидаҳоии рафтор дар об афзуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ, рӯзи 12 июн бар асари риоя накардани қоидаҳои оббозӣ дар дарёи Сир сокини 41-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ғарқ шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз сокини 34-солаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар обанбори НОБ-и Сангтӯда ба ҳалокат расид.

Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагони Кумита ҳамроҳ бо аҳолии минтақа ҷасади ҳалокшудагонро пайдо ва ба хешовандонашон супурданд.

Аз зарбаи барқ ҳалок шуданд

Хадамоти матбуоти Кумита инчунин дар бораи лигар ҳодисаҳои нохушӣ рӯзи гузашта хабар медиҳад.

Чунончи, як ронандаи 43-солаи мошини боркаши тамғаи «DAF», сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар ҳудуди деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ҳангоми боз кардани дари ақиби бордони мошин ба ноқили барқӣ бархӯрда, бар асари расиши қувваи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Баробари мушоҳидаи ин ҳодиса ронандаи дигари ин мошини боркаш, сокини 26-солаи ҳамин ноҳия ба кумаки ӯ шитофт, вале ӯ низ аз таъсири қувваи барқ ҳалок шуд.

Ин ҳарду зодагони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич буданд. Аввалӣ соҳиби 4 фарзанд ва дуюмӣ оиладор буд, вале фарзанд надошт. Ҳарду аз як авлод: тағову ҷиян.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ хоҳиш мекунад вақти оббозӣ ва будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариву амниятро ҷиддан риоя намуда, дар ҷойҳои мамнуъ ва ба танҳоӣ дар шабҳангом дар ҳоли мастӣ оббозӣ накунанд.

Ба волидон тавсия дода мешавад, ки фарзандони ноболиғи худро тани танҳо нагузоранд ва ҳамеша онҳоро назорат намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...