22 нафар дар Хатлон ғарқ шудаанд

Дар кӯлу дарёҳои вилояти Хатлон аз оғози мавсими оббозӣ 22 нафар ғарқ шудаанд. Дар ин бора Муродҷон Муҳиддинов, сардори бахши робита бо ҷомеъаи Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфти Муҳиддинов, бештари ғарқшудагон ноболиғон мебошанд, аммо ӯ теъдоди ноболиғони ғарқшударо дақиқ нагуфт. “Аз 22 нафари ғарқшуда 3 нафар […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар кӯлу дарёҳои вилояти Хатлон аз оғози мавсими оббозӣ 22 нафар ғарқ шудаанд. Дар ин бора Муродҷон Муҳиддинов, сардори бахши робита бо ҷомеъаи Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфти Муҳиддинов, бештари ғарқшудагон ноболиғон мебошанд, аммо ӯ теъдоди ноболиғони ғарқшударо дақиқ нагуфт.

“Аз 22 нафари ғарқшуда 3 нафар аз ноҳияҳои Муминобод ва 3 каси дигар аз ноҳияи Ёвон мебошанд. Дар ноҳияи Восеъ 2 нафар ғарқ шудаанд. 14 нафари дигар аз дигар шаҳру ноҳияҳо мебошанд”, – гуфт Муҳиддинов.

Муродҷон Муҳиддинов мегӯяд, омилҳои асоси ғарқшавии сокинон набудани ҷойҳои махсуси обозию истироҳатӣ, надонистани қоидаҳои дурусти шиноварӣ ва беназоратии падару модарон мебошад.

“Ба хотири пешгирӣ аз ғарқшавии шаҳрвандон кормандони раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Дар ҷойҳое, ки оббозӣ мамнӯъ аст огоҳиномаҳо васл кардаанд. Мутаасифона, шаҳрвандон боз дар ҷойҳои хатарнок оббозӣ мекунанд”,- мегӯяд Муродҷон Муҳиддинов.

Ба иттилои ӯ, айни замон дар вилояти Хатлон 37 ҳавзи шиноварӣ фаъолият мекунад, аммо ин барои минтақае, ки беш аз 3 млн аҳолӣ дорад, кифоя нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.