Иди Қурбон дар Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд рӯзи 28 июн таҷлил мешавад

Тибқи иттилои пешакии Шӯрои уламои Тоҷикистон, имсол Иди Қурбон рӯзи 28-уми июн таҷлил мешавад. Ба иттилои Кумитаи дини кишвар, санаи расмии таҷлили Иди Қурбон рӯзи чаҳоршанбе, дар ҷаласаи Шӯрои уламо эълон хоҳад шуд. Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.  […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Тибқи иттилои пешакии Шӯрои уламои Тоҷикистон, имсол Иди Қурбон рӯзи 28-уми июн таҷлил мешавад.

Ба иттилои Кумитаи дини кишвар, санаи расмии таҷлили Иди Қурбон рӯзи чаҳоршанбе, дар ҷаласаи Шӯрои уламо эълон хоҳад шуд.

Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.  Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ,чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.

Дар Тоҷикистон таҷлили Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Ба ин тартиб, дар авали ҳафтаи оянда тоҷикистониён бо назардошти рӯзи якшанбе чаҳор рӯз пайиҳам истироҳат хоҳанд кард.

Барои пайиҳам омадани рӯзҳои истироҳат мувофиқи қарор ““Дар бораи гузарондани рӯзҳои ид ба рӯзҳои дигари кории соли 2023”, рӯзи шанбеи 24 июн рӯзи корӣ буда, истироҳат ба рӯзи душанбеи 26 июн гузаронида мешавад.

Мутаносибан, якшанбеи 25 июн ва душанбеи 26 июн рӯзҳои истироҳат буда, 27 июн дар кишвар ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ (инчунин рӯзи истироҳат) ва 28 июн Иди Қурбон, ки рӯзи истироҳат низ маҳсуб мешавад, таҷлил мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.