Як ҳайати ҳукумати Русия ба Тоҷикистон омад

Як ҳайати ҳукумати Русия таҳти роҳбарии муовини сарвазири ин кишвар Марат Хуснуллин ба Тоҷикистон омад. Дар доираи сафари мазкур вохӯрии ин ҳайат бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба нақша гирифта шудааст. Дар дидору гуфтушунидҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳанд […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Як ҳайати ҳукумати Русия таҳти роҳбарии муовини сарвазири ин кишвар Марат Хуснуллин ба Тоҷикистон омад.

Дар доираи сафари мазкур вохӯрии ин ҳайат бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба нақша гирифта шудааст.

Дар дидору гуфтушунидҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин сафар вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Русия пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Ёдрас мекунем, ки дар бораи рӯзҳои 19-20 июн аз Тоҷикистон боздид намудани Марат Хуснуллин Қоҳир Расулзода зимни мулоқот бо сарвазири Русия Михаил Мишустин аввали моҳи июн хабар дода буд.

“Ба тавофуқ расидем, ки рӯзҳои 19-20 июн Марат Шакирзянович (Хуснуллин) ба Душанбе меояд, бори дигар бо ҳамаи ҳамтоёнамон тамоми масоили мавҷударо баррасӣ мекунем. Мутмаинам, ки муносибатҳои мо самти мусбат касб карда, ҳаҷми гардиши мол, ки қариб ҳамасода 20-30% зиёд мешавад, солҳои наздик ба таври назаррас хоҳад афзуд”, – гуфта буд сарвазири Тоҷикистон.

То ин дам дар бораи сафари муовинони сарвазири русия Марат Хуснуллин ва Алексей Оверчук зимни вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон Сергей Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин изҳори назар шуда буд.

Он замон Сергей Лавров зикр карда буд, ки ин сафар "як фурсати хубе хоҳад буд, то дар маҷмӯъ бубинем, ки барои ҳалли масоил боз чӣ кор кардан лозим аст".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.