Эҳтимоли таъсиси маркази монанди “Сириус”-и Русия дар Душанбе

Русия бо Душанбе таъсиси маркази таълимии монанди “Сириус”-ро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад. Дар ин бора муовини сарвазири Русия Марат Хуснулин ба рӯзноманигорон хабар дод, менависад ТАСС. "Мо мехоҳем, ки аналоги Сириус, варианти омехта – тавсеаи мактаб ва унсурҳои “Сириус”-ро созем", – гуфтааст Хуснуллин. Вай зикр кард, ки ин масъаларо бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода муфассал […]

ТАСС

Русия бо Душанбе таъсиси маркази таълимии монанди “Сириус”-ро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад. Дар ин бора муовини сарвазири Русия Марат Хуснулин ба рӯзноманигорон хабар дод, менависад ТАСС.

"Мо мехоҳем, ки аналоги Сириус, варианти омехта – тавсеаи мактаб ва унсурҳои “Сириус”-ро созем", – гуфтааст Хуснуллин.

Вай зикр кард, ки ин масъаларо бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода муфассал баррасӣ кардааст.

«Ҳоло мо дар мактаби ба номи Гагарин ҳастем ва имрӯз масъалаи сохтмони мактаби иловагӣ, имкони васеъ ва рушди онро баррасӣ кардем,  зеро ба ин таваҷҷӯҳ ҳаст», – шарҳ дод Хуснуллин ва афзуд, ки ният дорад ин мавзӯъро дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузорад.

Маркази таълимии “Сириус” 24 декабри соли 2014 бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин аз ҷониби фонди таълимии “Талант и успех”  ва саҳми арбобони маъруфи илму варзиш ва фарҳанги ин кишвар таъсис дода шудааст.

Ҳадафи таъсиси марказ барвақт ошкор кардан, рушд ва дастгирии касбии кӯдакони лаёқатманд, ки дар соҳаи ҳунар, варзиш, улуми табиатшиносӣ қобилиятҳои барҷаста нишон дода, инчунин дар эҷодиёти техникӣ ба комёбиҳо ноил гардидаанд, унвон мешавад. Барои таблиғу ривоҷи таҷрибаи «Сириус» дар минтақаҳои Русия марказҳои дастгирии кӯдакони лаёқатманд кушода мешаванд, ки тибқи модели маркази таълимӣ кор мекунанд. То имрӯз онҳо дар 70 субъекти Федератсияи Русия фаъолият доранд.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юрий Гагарин дар Душанбе яке аз панҷ мактабҳое мебошад, ки сохтмонашон аз ҷониби Русия маблағгузорӣ шуд. Ин мактабҳо 1 сентябри соли 2022 боз шуданд.

Муовини сарвазир Русия Марат Хуснуллин имрӯз ба сифати ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба Душанбе омад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио