“Синфи 3-ро хатм карда, ба ҷарроҳии нав омода мешавад”. Осия – духтараке, ки чанд наврас оташ зада буданд, чӣ ҳол дорад?

Имрӯз, 19-уми июн, аз оташ задани Осияи Шерзод, духтараки он замон 6-сола, 4 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат ӯ 7 маротиба ҷарроҳӣ шуда, ҳоло барои боз як ҷарроҳии пластикӣ омода мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Шерзод Зулфонов, падари Осия хабар дод. “Имсол Осия синфи 3-ро хатм кард. Худоро шукр, худро хуб ҳис мекунад”, […]

Имрӯз, 19-уми июн, аз оташ задани Осияи Шерзод, духтараки он замон 6-сола, 4 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат ӯ 7 маротиба ҷарроҳӣ шуда, ҳоло барои боз як ҷарроҳии пластикӣ омода мегардад. Дар ин бора ба Азия-Плюс Шерзод Зулфонов, падари Осия хабар дод.

“Имсол Осия синфи 3-ро хатм кард. Худоро шукр, худро хуб ҳис мекунад”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи падар, духтар дар бораи он ҳодисаи мудҳиш намепурсад ва чизе низ намегӯяд.

“Ӯ ҳатто ҳангоми муоинаи духтур дар бораи ҳодисаи рӯйдода намепурсад. Шояд дар хотир дорад, аммо ба ёд овардан намехоҳад, зеро он вақт сахт ранҷ кашида буд. Ба мо чизе намегӯяд ва мо низ чизе намепурсем ва намегӯем. Шукри Худо, ки фарзандамон сиҳат аст. Ба табибон ва онҳое, ки дар лаҳзаҳои душвор моро фаромӯш накарданд, ташаккур мегӯям”, – афзуд падари Шерзод Зулфонов.

Ӯ гуфт, соли ҷорӣ духтараш бояд ҷарроҳии пластикиро паси сар кунад, зеро бо афзоиши қад, пӯст кашиш меёбад. Ҷарроҳиро духтурон тавсия додаанд.

Ба гуфтаи Шерзод Зулфонов, моҳи октябри соли гузашта Осияро пизишки олмонӣ Эдгар Бимер ва пизишки тоҷик Тоҳир Зубайдов (маҳз Зубайдов ва Бимер қаблан ҷарроҳӣ карда будан) муоина карданд.

“Баъд аз муоина онҳо ба хулосае омаданд, ки ҷарроҳӣ бояд як муддат ба таъхир андохта шавад, зеро он замон пӯсти даст кашиши зиёд надошт. Шояд имсол ҷарроҳӣ шавад”, – гуфт Шерзод Зулфонов.

4 сол пеш чӣ ҳодиса рух дод?

Ёдовар мешавем, ки субҳи 19-уми июни соли 2019 Осияи Шерзод дар назди хонааш бо дӯстонаш бозӣ мекард. Он лаҳза се наврас – мактаббачагон аз ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ омада, духтарро ба девор баста, оташ заданд.

Осияро бо захмҳои сангин ба бемористони шаҳрии рақами 3-и пойтахт бурданд. Бо дастури раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмонро табобати духтарак зери назари вазири вақти тандурустии кишвар Насим Олимзода қарор гирифт.

Дар пайи ин ҳодиса, маъмурони полис се ноболиғро боздошт карданд.

Ду нафари онҳо баъдан ба мактаби махсуси душвортарбиягони Душанбе фиристода шуданд. Қабл аз ҳодиса онҳо дар як мактаби муқаррарии ҷамоати худ таҳсил мекарданд.

Гунаҳкори аслии оташ задани духтари 6-сола Сунатулло Очилдиеви 13-сола, ки бемори рӯҳӣ буд, дар Маркази ҷумҳуриявии солимии равонии кӯдакону наврасон бистарӣ шуд.

Бо гузашти 4 сол аз ин ҳодиса, падари Осия мегӯяд, наврасон воқеан дар мактаби махсус таҳсил мекарданд ва рӯзҳои истироҳат ба хона меомаданд. Шерзод Зулфонов мегӯяд, ки дигар ин қазияро пайгирӣ накардааст ва намедонад, ки наврасон ҳоло дар куҷо таҳсил мекунанд.

“Аз байн чаҳор сол гузашт ва онҳо, шояд боз дар мактаби оддии ҳамагонӣ таҳсил мекунанд. Ростӣ, барои мо муҳим нест, ки ҳоло онҳо дар куҷо ва чӣ кор мекунанд”, – хулоса кард ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.