Боздошти ду корманди Вазорати молия ҳангоми гирифтани пора

Ду корманди баландмақоми Вазорати молияи Тоҷикистон зимни гирифтани пора ба маблағи 3 ҳазор доллари ИМА дастгир шудаанд. Дар ин бора маркази матбуотии Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ аз онҳо Далер Мирзоев, сардори шуъбаи иҷозатномадиҳии раёсати ҳуқуқи Вазорати молия ва Парвиз Наимов, сармутахассиси шуъбаи мазкур ном бурда гуфтааст, ки онҳо аз як шаҳрванд барои гирифтани […]

Ду корманди баландмақоми Вазорати молияи Тоҷикистон зимни гирифтани пора ба маблағи 3 ҳазор доллари ИМА дастгир шудаанд. Дар ин бора маркази матбуотии Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ аз онҳо Далер Мирзоев, сардори шуъбаи иҷозатномадиҳии раёсати ҳуқуқи Вазорати молия ва Парвиз Наимов, сармутахассиси шуъбаи мазкур ном бурда гуфтааст, ки онҳо аз як шаҳрванд барои гирифтани иҷозатномаи машғул шудан ба фаъолияти идораи букмекерӣ 3 ҳазор доллари ИМА пора талаб кардаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, ин ду масъули баландпояи Вазорати молия аз маблағи талабкарда пешакӣ 1000 долларашро гирифта, зимни гирифтани 2 ҳазор доллари дигар аз ҷониби кормандони Оҷонсии зиддифасод дастгир ва маблағҳо ҳамчун далели шайъӣ аз онҳо гирифта шуд.

Ҳамин тариқ, нисбати Далер Мирзоев ва Парвиз Наимов барои гирифтани пора бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби шахси мансабдор (моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шуд.

Ин банди қонунгузорӣ, аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари боздоштшудагон, наздикон ва вакили дифои онҳо маълум нест.

Аз Вазорати молияи Тоҷикистон низ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз шарҳи бештари масъала худдорӣ карданд.

Боздошту расонаӣ кардани исми мансабдороне, ки бо порагирӣ айбдор мешаванд, таҷрибаи нав нест. Дар гузашта Оҷонсии зиддифасод танҳо аз боздошти кормандони сатҳи поёнӣ хабарҳо нашр мекард. Ин камтарин ҳолати боздошту расонаи кардани кормандони як вазоратхона аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.