Кадом сабзавоту меваро метавон аз Тоҷикистон ба Русия бурд ва тибқи кадом ҳуҷҷат?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Аз Тоҷикистон ба Русия дар бағоч чиҳо бурдан мумкин аст, кадом сабзавоту мева, чормағз ва дигар маҳсулоти растанӣ? Барои кадоме аз онҳо сертификати фитосанитарӣ талаб карда мешавад?

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсадҳои гуногун ба Русия сафар мекунанд, аз ҷумла барои кор, таҳсил, саёҳат бояд дар бораи назорати фитосанитарӣ маълумоти зарурӣ дошта бошанд.

Барои риоя накардани талабот кайҳост, ки ҷарима вуҷуд дошта, касе онро бекор накардааст. Ғайр аз ин, метавонед ҳама чизи мебурдаатонро аз даст диҳед ва лозим меояд, ки маблағи нобуд кардани маҳсулотро низ пардохт кунед.

Ба маҳсулоти дорои хатари баланди фитосанитарӣ чиҳо дохил мешаванд?

– гулу навдаи бурида, сабзавот (помидор, пиёз, карам, кабудӣ, сабзӣ, шалғам, лаблабу, бодиринг, картошка ва ғайра), зироатҳои полезӣ, меваҷот, хушкмева, ғалладона, лубиёгиҳо, орд, марҷумак (крупа) ва ғайра.

Пиёз ва занбурӯғи хушк, қаҳваи бирёншуда, чой ва маҳсулоти доруворидошта ба рӯйхати маҳсулоти дорои хатари пасти фитосанитарӣ дохил мешаванд. Рӯйхати пурраи онҳоро метавон дар ин пайванд пайдо кард.

Он ба киҳо дахл дорад?

Қоидаҳои воридот умуман ба ҳама дахл доранд: сайёҳони оддӣ, кормандоне, ки ба сафарҳои хидматӣ мераванд, мусофирони ҳавопаймо, роҳбаладони қатораҳо, ронандагони мошинҳо, соҳибкорон ва ҳар касе, ки аз давлати дигар ба Русия чизе меорад – ҳам барои фурӯш ва ҳам барои худ.

Дар айни замон, муҳим нест, ки маҳсулоти зери карантин қарордошта дар куҷо интиқол дода мешаванд – борхалтаи дастӣ ё бағоч. Дар ҳама гуна ҳолатҳо маҳдудиятҳоро риоя кардан лозим аст. Ҳатто агар тӯҳфаҳо тавассути почта фиристода шаванд.

Чиҳоро бе ҳуҷҷатҳои махсус интиқол додан мумкин аст?

Мева, сабзавот, чормағз, меваҳои хушк, буттамева – на бештар аз 5 кг барои як нафар, аммо танҳо агар онҳо тухмӣ, картошка ё маводи кишт набошанд, гуфта мешавад дар қарори ҳукумати Русия.

Тухмӣ ва картошкаи хом – ҳамеша бо сертификат.

Тарбуз ва харбуза – на бештар аз 1 дона.

Растаниҳои буридаи дасташуда (масалан, гулдаста)-и тару тоза ва хушк – на бештар аз 3 даста ба як нафар, ҳадди аксар 15 бех ниҳол дар ҳар кадоме.

Хӯрок барои аъзоёни экипаж ва даста – ҳар миқдор, агар маҳсулот аз воситаи нақлиёт берун бурда нашавад.

Дар сурати зиёд будани чормагзу мева, он бояд сертификат дошта бошад. Он дар кишваре, ки дар он маҳсулот тайёр карда шудааст, дода мешавад, на дар Русия. Дар ҳолати мо – дар Тоҷикистон. Дар он ҷо сертификатҳо барои содирот дода мешаванд, на барои воридот.

Агар шартҳои воридот риоя карда нашаванд, маҳсулот аз ҳисоби шахси воридкарда гирифта ва нобуд карда мешавад. Илова бар ин, 300-500 рубл ҷарима баста мешавад.

Ин маҳдудиятҳо танҳо ба сертификатҳои фитосанитарӣ дахл доранд. Барои бағочи дастӣ дар ҳавопаймоҳо, воридоти бебоҷ, маҳсулоти ҳайвонот ва маҳсулоти иҷозашуда – маҳдудиятҳо ва қоидаҳои ҷудогона амал мекунанд.

Бағоч чӣ гуна аз назар гузаронида мешавад?

Ҳангоми тафтиш корманди гумрук метавонад бағоч ё маҳсулотро аз назар гузаронад. Агар нишонаҳои сироят вуҷуд дошта бошанд, воридот ҳатто барои категорияи хатари паст иҷозат дода намешавад.

Санҷиш як муоинаи визуалӣ (назаркунӣ) мебошад, ки дар мавриди он ба чизе даст расонида нашуда, онро намекушоянд. Дар сурати бозрасӣ (досмотр) бошад, онҳо метавонанд дохили борхалтаро бинанд, ашёро аз ҷое ба ҷойи дигар гузоранд, ба бордони мошин бароянд, ба тарбуз даст расонанд ва халтаи дорои маҳсулотро ҷунбонанд ё такон диҳанд.

Чӣ мешавад, агар маҳсулот бе сертификат ворид шуда бошад?

Ҳар як миқдори маҳсулоти карантинӣ ҳангоми интиқол тавассути қаламрави Федератсияи Русия бояд бо худ сертификати карантинӣ дошта бошад.

Агар сертификат лозиму вале онро надошта бошед, маҳсулотро метавонанд мусодира намуда, сипас аз ҳисоби соҳиби он нобуд кунанд.

Ва боз тавре ки дар боло гуфта будем, метавонанд ба маблағи 500 рубл ҷарима кунанд.

Барои маҳсулот чӣ гуна эъломия мебояд гирифт?

Ҳангоми воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои эҳтиёҷоти шахсӣ, ки аз меъёр зиёд аст, шахси воқеӣ бояд бечунучаро ба ин маҳсулот эъломия (декларатсия) пур кунад

Расмиёти эъломияи молро шахси воқеӣ (ҳам Русия ва ҳам хориҷӣ), инчунин шахсе, ки дар асоси ваколатнома амал мекунад (интиқолдиҳанда, брокери гумрукӣ) анҷом дода метавонад.

Маълумоти пурра бо ин пайванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...