Муовини вазири корҳои дохилӣ дар пайи як беморӣ даргузашт

Asia-Plus

Полковник Абдураҳмон Муборакқадамзода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки моҳи августи соли гузашта ба ин мансаб таъин гардида буд, рӯзи 17-уми июн, дар пайи як беморӣ, дар синни 52-солгаӣ аз олам даргузашт.

Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як таъзия марги полковники тоҷикро нобаҳангом номида ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ кард.

Аз ВКД гуфтанд, Абдураҳмон Муборакқадамзода дар пайи бемории фишорбаландӣ чанд рӯз дар беморхона бистарӣ шуд ва даргузашт.

Абдураҳмон Муборакқадамзода соли 1971 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таваллуд шуд, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ будааст.

Ӯ фаъолияти кории худро дар соли 1994 ҳамчун нозири хадамоти патрулӣ-пайроҳадории Раёсати ВКД дар ВМКБ шурӯъ намуда, то ба дараҷаи муовини вазири корҳои дохилӣ расид.

Муборакқадамзода ҳамчунин, ваколатдори оперативӣ, ваколатдори калони оперативӣ, муовини сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятӣ ва сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд кор кардааст.

Фаъолияти бештари ӯ, дар мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд гузаштааст.

Абдураҳмон Муборакқадамзода баъди хатми Академияи ВКД-и Русия ба ҳайси сардори шуъбачаи пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд кор мекунад.

Баъдан, дар соли 2010 ҳамчун сардори шуъбачаи барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаи Шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Суғд ва аз соли 2012-2014 ба ҳайси муовин ва сардори ҳамин шуъба фаъолият намудааст.

Як сол муовини сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷан оид ба корҳои оперативӣ буд ва соли 2015 муовини сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ оид ба корҳои оперативӣ кор кард.

Ҳамин тариқ, соли 2016 муовини сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, солҳои 2017-2018 муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва солҳои 2018-2022 сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ кор кардааст.

ВКД менависад, ки моҳи ноябри соли 2021 “ҳангоми адо намудани хизмат оид ба нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳодисаҳои шаҳри Хоруғ” аз тарафи гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори ВМКБ бо корд захмӣ ва 3 моҳ бистарӣ гардидааст.

Муборакқадамзода Абдураҳмон 17-уми августи соли 2022 ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин гардида буд.

Ӯ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ – медали “Ҷасорат” ва ордени “Спитамен” дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...