Як ҳайати ҳукумати Русия ба Тоҷикистон омад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Як ҳайати ҳукумати Русия таҳти роҳбарии муовини сарвазири ин кишвар Марат Хуснуллин ба Тоҷикистон омад.

Дар доираи сафари мазкур вохӯрии ин ҳайат бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба нақша гирифта шудааст.

Дар дидору гуфтушунидҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин сафар вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Русия пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Ёдрас мекунем, ки дар бораи рӯзҳои 19-20 июн аз Тоҷикистон боздид намудани Марат Хуснуллин Қоҳир Расулзода зимни мулоқот бо сарвазири Русия Михаил Мишустин аввали моҳи июн хабар дода буд.

“Ба тавофуқ расидем, ки рӯзҳои 19-20 июн Марат Шакирзянович (Хуснуллин) ба Душанбе меояд, бори дигар бо ҳамаи ҳамтоёнамон тамоми масоили мавҷударо баррасӣ мекунем. Мутмаинам, ки муносибатҳои мо самти мусбат касб карда, ҳаҷми гардиши мол, ки қариб ҳамасода 20-30% зиёд мешавад, солҳои наздик ба таври назаррас хоҳад афзуд”, – гуфта буд сарвазири Тоҷикистон.

То ин дам дар бораи сафари муовинони сарвазири русия Марат Хуснуллин ва Алексей Оверчук зимни вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон Сергей Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин изҳори назар шуда буд.

Он замон Сергей Лавров зикр карда буд, ки ин сафар "як фурсати хубе хоҳад буд, то дар маҷмӯъ бубинем, ки барои ҳалли масоил боз чӣ кор кардан лозим аст".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...