Дар арафаи Иди Қурбон дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мешаванд

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар бозорҳои шаҳри Душанбе дар арафаи Иди Қурбон ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешавад, хабар доданд аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс”. Гуфта мешавад, ки дар ин бора Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарори дахлдорро имзо кардааст.

Ярмаркаҳо дар бозорҳои Душанбе аз 21 то 27-уми июн баргузор шуда, ба сокинон молу маҳсулот бо нархи дастрас пешниҳод карда мешаванд.

Ярмаркаҳо дар бозори Меҳргон, дар чорроҳаи кӯчаҳои Ҳусейнзода ва М.Турсунзода (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон), дар майдончаи назди бозори “Қарияи боло”, бозори “Саховат” ва “Бозори деҳқон” (Гипрозем) ташкил карда мешаванд.

Иди Қурбон ҷашнест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.  Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кӯмак мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти пешакии Шӯрои уламои Тоҷикистон, имсол Иди Қурбон 28-уми июн таҷлил мешавад.

Ба ин тартиб, дар авали ҳафтаи оянда тоҷикистониён бо назардошти рӯзи якшанбе чаҳор рӯз пайиҳам истироҳат хоҳанд кард.

Барои пайиҳам омадани рӯзҳои истироҳат мувофиқи қарор “Дар бораи гузарондани рӯзҳои ид ба рӯзҳои дигари кории соли 2023”, рӯзи шанбеи 24-уми июн рӯзи корӣ буда, истироҳат ба рӯзи душанбеи 26-уми июн гузаронида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...