Сухангӯи Кумитаи дин: Ҳоҷии тоҷик, ки дар Макка вафот кард, аз ташхиси тиббӣ гузашта буд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Абдулло Шарифов, як зоири тоҷик, ки 18-уми июн дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ даргузашт, дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаштаву ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим маълумотномаи тиббӣ пешниҳод карда будааст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ки масъули фиристодани сокинон ба ҳаҷ аст, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Абдулло Шарифов рӯзи 13-уми июн барои адои маросими ҳаҷ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ парвоз карда буд ва пас аз панҷ рӯз, 18-уми июн даргузашт.

“Ҳама зоирон пеш аз сафар ба Арабистони Саудӣ ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон дар хусуси гузаштани ташхиси тиббӣ маълумотнома пешниҳод мекунанд. Ба онҳое, ки вазъи саломатиашон хуб нест, иҷозати сафар дода намешавад”, – гуфт Афшини Муқим.

Ба гуфтаи сухангӯи ин ниҳод, Абдулло Шарифов низ қабл аз сафар ба Арабистони Саудӣ аз ташхиси тиббӣ гузаштаву дар ин хусус маълумотнома пешниҳод карда будааст. Вазъи саломатиаш низ хуб арзёбӣ мешуд.

“Давоми наздики як ҳафта, ки дар Макка қарор дошт, вазъи саломатиаш хуб буд. Рӯзи 18-уми июн Абдулло Шарфов даргузашт. Баъдан маълум шуд, ки ӯ бемории дил доштааст”, – гуфт Афшини Муқим.

Ин ҳоҷии даргузаштаи тоҷикро 19-уми июн дар яке аз қабристонҳои шаҳри Макка ба хок супориданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар хусуси даргузашти ҳоҷии тоҷик дар Арабистони Саудӣ, зимни адои маросими ҳаҷи имсола, Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ба навиштаи ин расона, Абдулло Шарифов сокини ноҳияи Мастчоҳ буд.

Имсол сафари зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ 10-уми июн оғоз шуд ва гуфта мешавад, ки то 20-уми июн давом мекунад.

Дар маросими адои маносики ҳаҷи имсола 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ мераванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...