Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе метавон чорво забҳ кард?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар остонаи Иди Қурбон шаҳрдории Душанбе ҷойҳои махсусро барои забҳи чорво муақаррар кард. Чунин ҷойҳо дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳр ҳастанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Забҳи чорво дар рӯзи Иди Қурбон дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаи Бадахшон-2 ва кӯчаи Шукуҳӣ 44 мумкин аст. Ҳамчунин дар ин ноҳия ҷойҳои зерин барои забҳи чорво муайян шудаанд: маҳаллаи Ховарон – дар Теппаи Шарқӣ (минтақаи 7), маҳаллаи Чиноро-1 дар кӯчаи Назаршоев, 374, бозори “Ховарон” дар кӯчаи Айнӣ, 259 (7 км), маҳаллаҳои Фалакон, Қӯштеппа, Яккатут ва Чилмеҳроб.

Куштани чорво дар ноҳияи Фирдавсӣ мумкин аст: дар кӯчаи Қаҳҳоров (назди фабрикаи “Шири Саодат”), дар маҳаллаи Гулбутта, микрорайонҳои 42 (кӯч. Мир Алӣ, 116), 62 (кӯч. Борбад, 64, назди МС «Ганҷ»), 63 (кӯч. Фирдавсӣ, 99), 64 (кӯч. Фирдавсӣ, 35), дар маҳаллаи Чимтеппа.

Тибқи анъана, дар Иди Қурбон гӯсфанд, шутур ё гов қурбонӣ шуда метавонанд. Дар баробари ин донистан лозим аст, ки чорвои қурбонӣ пеш аз ҳама барои садақа, зиёфат додан ба наздикону дӯстон пешбинӣ шудааст. Сеяки чорвои қурбонӣ бояд ба камбағалон ё ятимхонаҳо ва сеяки дуюм – ба меҳмонону хешовандон тақсим карда шуда, сеяки боқимонда дар оила боқӣ гузошта шавад.

Дар ноҳияи Сино ба забҳи чорво иҷоза дода шудааст: дар маҳаллаи Пахтакор (Пахтакор, 70), Борбад (кӯч. Тургенева, 29), дар Роҳи нав (кӯч. Р.Набиев, 292/2), Қарамиршикор (кӯч.Лермонтов, 466), Ҳаёти нав, 74 ва 313, Лучоби Боло, 82, Арғувон (кӯч. Шодоб, 153), дар Камонгарон (кӯч. Ҳувайдуллоев, 252), Ҳисорак, Панҷрӯд, 125, Навободи боло, 79, Ҳамадонӣ, Деҳи боло, 222, Испечак 1 (каме дуртар аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ).

Мувофиқи рӯйхат, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои забҳи чорво ҷойҳо пешбинӣ нашудааст. Ягона ҷойе, ки солҳои пешин аз он истифода мебурданд, дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ назди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2 (ТЭЦ-2) воқеъ буд. Он ҳозир аз байн бардошта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он расман хабар дода шуд, ки Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 28 июн таҷлил гардида, намози ид дар ҳамаи масҷидҳои кишвар соати 6:00 таъин шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2007 то 2017, дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар пойтахт забҳи чорво қатъиян манъ буд. Аз соли 2017, шаҳрдори нави Душанбе Рустами Эмомалӣ дар дар ҷойҳои махсус ҷудошуда дар шаҳр ба қурбонии чорво иҷоза дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...