Тоҷикистон барои Русия боз 100 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ омода мекунад

Ин масъала дар мулоқоти Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Елена Мухтиярова, муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия, ки рӯзи 19-уми июн баргузор гардид, баррасӣ шудааст. Ба иттилои саҳифаи расмии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар “Фейсбук”, 100 ҳазор муҳоҷир пеш аз сафар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони […]

Маҳмадалӣ Азизов, хабарнигори шаҳрвандии "Asia-Plus"

Ин масъала дар мулоқоти Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Елена Мухтиярова, муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия, ки рӯзи 19-уми июн баргузор гардид, баррасӣ шудааст.

Ба иттилои саҳифаи расмии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар “Фейсбук”, 100 ҳазор муҳоҷир пеш аз сафар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи бозори меҳнати Русия омӯзонида мешаванд.

“Эҳтимоли омӯзиши касбии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷониби корфармоёни Русия низ баррасӣ шудааст”, – гуфта мешавад дар хабар.

Дар мулоқот ҳамчунин, рафти иҷрои созишнома байни ду давлат дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия ва ифтитоҳи намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Таъсиси намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид” дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо барои гузаштани бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Русия пеш аз сафар ба ин кишвар мусоидат менамояд.

Қаблан дар бораи таъсиси ин хадамот ёддошти тафоҳум байни Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Фёдор Карповец, муовини директори генералии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Русия ба имзо расида буд.

Омода намудани боз 100 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар Русия дар ҳолест, ки ба иттилои ғайрирасмӣ, аллакай беш аз 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд ва қисме аз онҳо пайваста ба муносибати дағали мақомот ва шаҳрвандони Русия рӯбарӯ мешаванд.

Аз ҷумла, ҳудуди як моҳ пеш мақомоти интизомии Русия “шикор”-и муҳоҷирони кории тоҷикро роҳандозӣ карда, дар натиҷа садҳо нафарро дастгир ва бархеҳоро ба Тоҷикистон ирсол карданд. Ҳамчунин, онҳо ба донишҷӯёни Тоҷикистон низ дарафтоданд. Баъдан мақомоти расмии Тоҷикистон аз ин ҳодисаҳо нигаронӣ карда, таҳқиқи қазияҳоро дархост карданд.

Ҳамин тариқ, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон омад ва дар мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои тоҷикаш масъалаи фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар Русияро баррасӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.