Шӯрои олимпии Осиё рушди ҷудо дар Тоҷикистонро зикр кард

Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир бо ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) Отабек Умаров дар Душанбе дидору гуфтушунид кард. Тавре ки Федеатсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди варзиш дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҷудоро баррасӣ карданд. Шӯрои олимпии Осиё – созмони байнулмилалиест, ки 45 кумитаи миллии олимпии кишварҳои Осиё ба он […]

Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир бо ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) Отабек Умаров дар Душанбе дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки Федеатсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди варзиш дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҷудоро баррасӣ карданд.

Шӯрои олимпии Осиё – созмони байнулмилалиест, ки 45 кумитаи миллии олимпии кишварҳои Осиё ба он шомиланд. Таҳти сарпарастии ОСА Бозиҳои Осиё баргузор мешаванд. Намояндаи Ӯзбекистон Отабек Умаров ду сол пеш ноиби президенти ин созмон интихоб шуда буд.

Гуфта мешавад, Отабек Умаров, ки дар Гран-Прии Душанбе ширкат дошт, ба Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд ва бошукуҳ баргузор кардани аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо – Гран Прии Душанбе, инчунин дастгирии мухлисон ва меҳмоннавозии тоҷикон баҳои баланд дод.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи Гран-Прии Душанбе 315 варзишгар аз 40 кишвари дунё иштирок карданд. Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон бо дарёфти 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ зинаи аввалро ишғол намуд. Дар мусобиқаи Гран-Прии Душанбе шахсан президенти Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) Мариус Визер ҳузур дошт.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ташкилоти варзишии «J-Sport»-и Ҷопон шартномаи ҳамкорӣ, инчунин бо мурабии ҷопонӣ Тамура Тори дар бораи ба ҳайси сармураббии мунтахаби Тоҷикистон кор карданаш қарордод ба имзо расонид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...