Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон узви Маҷлиси миллӣ шуд

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар интихобот барои узвият ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ки имрӯз, 21-уми июн, дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии №3 баргузор гардид, ғолиб эълон гардид. Дар ҳавзаи номбурда 934 вакили маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва вилоят руйхат шудааст. Аз ин теъдод дар интихобот 858 нафар вакилон ширкат карда, ба тарафдории Давлаталӣ […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар интихобот барои узвият ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ки имрӯз, 21-уми июн, дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии №3 баргузор гардид, ғолиб эълон гардид.

Дар ҳавзаи номбурда 934 вакили маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва вилоят руйхат шудааст. Аз ин теъдод дар интихобот 858 нафар вакилон ширкат карда, ба тарафдории Давлаталӣ Саид 856 вакил овоз додаанд. Ду варақаи овоздиҳӣ бинобар сабаби хато пур кардан аз эътибор соқит дониста шудааст.

Ҳамакнун, Давлаталӣ Саид ба ҷойи собиқ узви Маҷлиси Миллӣ ва раиси пешини вилоят Қурбон Ҳакимзода интихоб шуд. Узвияти Қурбон Ҳакимзода баъди аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод ва вазири кишоварзӣ таъин шудан дар Маҷлиси Миллӣ қатъ карда шуд.

Баъди элони натиҷаи интихобот Давлаталӣ Саид аз ҳамаи онҳое, ки ба тарафдории ӯ овоз додаанд изҳори сипос карда, гуфтааст, ки “тамоми қуваю дониш ва таҷрибаи худро барои пешрафти вилояти Хатлон сарф хоҳад кард”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.