Паҳлавони доғистонӣ барои Тоҷикистон медали тилло дарёфт кард

Дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштингирӣ байни наврасон ва ҷавонон дар Бишкек намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти се медал шарафёб гардиданд. Мусобиқа рӯзи 18 июн баргузор шуд. Гӯтингири доғистонӣ дар навъи озод Абдулмаҷид Кудиев, ки ба ҳайати Тоҷикистон даъват шуда буд, дар байни наврасони синни то 23-солаи вазни 65 кг медали тилло ба даст овард. Дар […]

Дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштингирӣ байни наврасон ва ҷавонон дар Бишкек намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти се медал шарафёб гардиданд. Мусобиқа рӯзи 18 июн баргузор шуд.

Гӯтингири доғистонӣ дар навъи озод Абдулмаҷид Кудиев, ки ба ҳайати Тоҷикистон даъват шуда буд, дар байни наврасони синни то 23-солаи вазни 65 кг медали тилло ба даст овард.

Дар қувваозмоии якуми худ Кудиев аз паҳлавони қазоқистонӣ Акбар Қурбонов бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда, дар рақобати дуюм бар варзишгар аз Муғулистон Тугсҷаргала Эрденебата бо ҳисоби 11:1 дастболо шуд. Дар қувваозмоии нимфиналӣ ӯ намояндаи Ҳиндустон Сингх Йаскаранро бо ҳҳисоби 11:7 шикаст дода, дар рақобати финалӣ ба мизбони мусобиқа Аден Саикбоев бо ҳисоби 10:0 пирӯз шуд.

Ҳамчунин байни гӯштингирони тоҷик Мустафо Аҳмедов дар вазни 70 кг бар се ҳариф дастболо шуда, ба як нафар қувваозмоиро бохт. Дар вазни 63 кг Фирӯз Мирзораҷабов ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.