Як ширкати нақлиётии Русия тоҷикистониёнро ба кор даъват мекунад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар вохӯрии консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода ва директори яке аз департаментҳои ширкати бузурги нақлиётии Русия "KIT" Игор Долганов масъалаи ҷалби шаҳрвандони Тоиқикистон ба кор дар ин ширкат баррасӣ шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург хабар доданд, зимни мулоқот раҳбарияти ширкати "KIT" таъкид доштааст, ки ба пешниҳоди шароити хуб ва ҷолиби кор омода аст.

Дар доираи ҳамкорӣ ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расидаанд, ки ба кори муштарак ва ҳамоҳангсозии фаъолият намояндаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикитсон Беҳрӯз Холиқовро ҷалб мекунанд.

Дар ширкати "KIT" ба “Азия-Плюс” дар бораи шароитҳои кори аз ҷониби онҳо пешниҳодмешуда ва чӣ гуна тамос гирифтан бо онҳо маълумот доданд.

Ба гуфтаи роҳбари департаменти кор бо ҳайати шахсии ширкат Олга Василева, "KIT" ширкати федералии нақлиётӣ мебошад, ки ба ҳамлу нақли бор дар қаламрави Русия ва кишварҳои хориҷи дур, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Арманистон, Ӯзбекистон ва Беларус машғул аст.

Ширкат 257 намояндагиҳои минтақавӣ ва зиёда аз 300 анбор дорад.

Айни замон ба гуфтаи вай, ба ширкат кормандони анбор, боркашон ва ронандагони мошинҳои борбардор лозиманд.

Олга Василева зикр кард, ки имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ширкати онҳо дар шаҳрҳои гуногуни Русия – Екатеринбург, Нижний Новгород, Ижевск, Мурманск, Ростов, Ярославл, Қазон ва Иваново кор мекунанд.

Олга Василева афзалиятҳои зерини корро дар ширкати "KIT" номбар кард:      

– расман бо кор таъмин шудан ва музди меҳнати расмии муносиб;

– кумаки молиявӣ барои ба Русия омадан;

– кумаки молиявӣ дар анҷоми расмиёти гирифтани патент дар қаламрави Русия;

– таъмин бо ҷойи зист;

– омӯзиши навкорон бо асосҳои кор.

Дар мавриди ҳаҷми музди меҳнат Василева изҳор дошт, ки он ба таҷрибаи кор вобаста буда, на камтар аз 45 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Касоне, ки дар ширкати "KIT" кор кардан мехоҳанд, метавонанд ба департаменти кор бо ҳайати шахсӣ ба суроғаи электронии [email protected] муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...