Дар бозори Қубодиён имрӯз сӯхтор сар зад

Date:

Дар бозори молҳои маишии “Қубод”-и ноҳияи Қубодиён субҳи имрӯз, соати 04:50  дақиқа сӯхтор сар зад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти оташнишонии ҷумҳурӣ хабар доданд, оташ ба сурати умум майдони 655 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

“Оташ майдони 655 метри мураббаъро, ки дар он иншооти савдо ва хидматрасонӣ ҷойгир буданд, фаро гирифт. Бо сафарбар гардидани захираҳои иловагӣ сӯхтор то соати 07:05-и субҳ пурра хомӯш карда шуд”, – гуфт манбаъ.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Айни замон гурӯҳи корӣ сабабҳои сар задани сӯхтор ва зиёни расида ба иншоотро таҳқиқ мекунад. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

“Интизорӣ дорем, ки пас аз анҷоми кори гурӯҳ аз онҳо маълумоти дақиқ ва ҷузъиёти ҳодисаро дастрас мекунем”, – гуфтанд дар хадамот.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...