Дар бозори Қубодиён имрӯз сӯхтор сар зад

Дар бозори молҳои маишии “Қубод”-и ноҳияи Қубодиён субҳи имрӯз, соати 04:50  дақиқа сӯхтор сар зад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти оташнишонии ҷумҳурӣ хабар доданд, оташ ба сурати умум майдони 655 метри мураббаъро фаро гирифтааст. “Оташ майдони 655 метри мураббаъро, ки дар он иншооти савдо ва хидматрасонӣ ҷойгир буданд, фаро гирифт. Бо сафарбар гардидани захираҳои […]

Дар бозори молҳои маишии “Қубод”-и ноҳияи Қубодиён субҳи имрӯз, соати 04:50  дақиқа сӯхтор сар зад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти оташнишонии ҷумҳурӣ хабар доданд, оташ ба сурати умум майдони 655 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

“Оташ майдони 655 метри мураббаъро, ки дар он иншооти савдо ва хидматрасонӣ ҷойгир буданд, фаро гирифт. Бо сафарбар гардидани захираҳои иловагӣ сӯхтор то соати 07:05-и субҳ пурра хомӯш карда шуд”, – гуфт манбаъ.

Айни замон гурӯҳи корӣ сабабҳои сар задани сӯхтор ва зиёни расида ба иншоотро таҳқиқ мекунад. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

“Интизорӣ дорем, ки пас аз анҷоми кори гурӯҳ аз онҳо маълумоти дақиқ ва ҷузъиёти ҳодисаро дастрас мекунем”, – гуфтанд дар хадамот.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.