“210 оила ба ҷои бехавф мекӯчанд”. Оқибати хисороти сел дар Роштқалъа муайян мешавад

Комиссияи ҳукуматии батарафсозии пайомадҳои сел дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) хисороти воридшударо ҳисоб мекунад. Интизор меравад, ки 210 хонаводаро масъулин ба ҷойҳои бехавф кӯчонанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи масъулин, рӯзи 27-уми июн дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара […]

Комиссияи ҳукуматии батарафсозии пайомадҳои сел дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) хисороти воридшударо ҳисоб мекунад. Интизор меравад, ки 210 хонаводаро масъулин ба ҷойҳои бехавф кӯчонанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи масъулин, рӯзи 27-уми июн дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ офати табиӣ рух дод.

“Офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид”, – хабар медиҳад Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ҳоло комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуда ва ба сарвазири мамлакат, комиссияи ҳукуматӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рухдода супориш дода шудааст, ки тамоми тадбирҳои зарурӣ ва фавриро амалӣ намоянд.

“Дастур дода шуд, ки барои таъмини бехатарии аъзои 210 оилаи дар назди соҳили Шоҳдара ҷойгиршуда, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барқарор намудани хонаҳои осебдида чораҳои бетаъхир андешида шаванд”, – омадааст дар хабари хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 28-уми июн Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ба мавзеъи офати табиӣ рафта, бо зарардидагон суҳбат намудааст.

Ба иттилои ҳукумати вилоят, Алишер Мирзонабот таъкид кардааст, ки барои бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолии зери хатар қарордошта бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин барқарор намудани хонаҳои зарардида чораҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.

Бояд гуфт, қаблан КҲФ ҳушдор дода буд, ки дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳарорати ҳаво дар манотиқи кӯҳистонӣ, бахусус як қатор ноҳияҳои ВМКБ омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ, дар се моҳи аввали имсол дар қаламрави Тоҷикистон 411 ҳолати фавқулодаи табиӣ рух дода, маблағи хисороти муайяншуда беш аз 20 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.