Як ҷавони 18-сола дар дарёи Душанбе ғарқ шуд

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, як ҷавони 18-солаи сокини пойтахт  рӯзи 27 июн ҳангоми аз соҳил ба соҳили дигар гузаштан дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст. “Шоми 27 июн дар ин бора ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расид. Маълум шуд, ки ҷавон ҳангоми аз як соҳил ба соҳили дигар гузаштан тариқи бетонпораҳои чоркунҷа […]

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, як ҷавони 18-солаи сокини пойтахт  рӯзи 27 июн ҳангоми аз соҳил ба соҳили дигар гузаштан дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст.

“Шоми 27 июн дар ин бора ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расид. Маълум шуд, ки ҷавон ҳангоми аз як соҳил ба соҳили дигар гузаштан тариқи бетонпораҳои чоркунҷа ба об афтода, ҳалок шудааст”, – омадааст дар хабар.

Дар Кумита зикр мекунанд, ки бар асари гармо болоравии босуръати сатҳи об дар дарёҳои кишвар ба мушоҳида мерасад.

“Дарёи Душанбе низ истисно нест. Тавре ки таҳлили сатҳи оби дарёи Душанбе нишон медиҳад, айни замон он 100 м3/сонияро ташкил медиҳад”, – хабар доданд дар Кумита.

Гуфта мешавад, ҷасади ҷавон рӯзи 28 июн дарёфт шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки оббозӣ танҳо дар ҷойҳое, ки дар онҳо имдодагрону ғаввосон навбатдорӣ мекунанд, мумкин аст. Дар ин маводи мо чунин ҷойҳо муфассал зикр шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон дар обҳои кишвар 63 нафар, аз ҷумла 35 нафар кӯдакону наврасони синни то 16-сола ғарқ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.