Як ҷавони 18-сола дар дарёи Душанбе ғарқ шуд

Asia-Plus

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, як ҷавони 18-солаи сокини пойтахт  рӯзи 27 июн ҳангоми аз соҳил ба соҳили дигар гузаштан дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст.

“Шоми 27 июн дар ин бора ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расид. Маълум шуд, ки ҷавон ҳангоми аз як соҳил ба соҳили дигар гузаштан тариқи бетонпораҳои чоркунҷа ба об афтода, ҳалок шудааст”, – омадааст дар хабар.

Дар Кумита зикр мекунанд, ки бар асари гармо болоравии босуръати сатҳи об дар дарёҳои кишвар ба мушоҳида мерасад.

“Дарёи Душанбе низ истисно нест. Тавре ки таҳлили сатҳи оби дарёи Душанбе нишон медиҳад, айни замон он 100 м3/сонияро ташкил медиҳад”, – хабар доданд дар Кумита.

Гуфта мешавад, ҷасади ҷавон рӯзи 28 июн дарёфт шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки оббозӣ танҳо дар ҷойҳое, ки дар онҳо имдодагрону ғаввосон навбатдорӣ мекунанд, мумкин аст. Дар ин маводи мо чунин ҷойҳо муфассал зикр шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон дар обҳои кишвар 63 нафар, аз ҷумла 35 нафар кӯдакону наврасони синни то 16-сола ғарқ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...