Ҳалокати 2 нафар дар Душанбе бар асари садамаи нақлиёт

Asia-Plus

Рӯзи 5 июл дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 2 нафар ҳалок шуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мошини сабукрави Mercedes-Benz зери идораи сокини 26-солаи ноҳияи Варзоб ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти ноҳия ба автомашинаи боркаши “Дулан” бармехӯрад.

“Ҳангоми садама дар дохили мошини сабукрав мусофирзани 54-сола, сокини ноҳияи Варзоб қарор дошт. Бар асари садама ронанда ва мусофири автомашинаи Mercedes-Benz дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷасади ҳалокшудагонро аз мошини пачақшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ронандаи автомашинаи боркаш ҷароҳатҳои гуногун бардоштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...