Толибон дар нишасти минбаъдаи СҲШ иштирок кардан мехоҳанд

Раҳбарияти ҳаракати “Толибон”* мегӯянд, намояндагони ҳукумати аз ҷониби онҳо созмонёфта барои иштирок дар нишастҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳаққи қонунӣ доранд. Изҳороти дахлдор дар ин бораро ВКХ-и толибон рӯзи чоршанбе дар Twitter нашр кард, хабар медиҳад ТАСС. "Амороти исломии Афғонистон (номи давлате, ки “Толибон” истифода мекунанд) аз баргузории чунин нишастҳо барои беҳбуди ҳамоҳангӣ ба манзури […]

Раҳбарияти ҳаракати “Толибон”* мегӯянд, намояндагони ҳукумати аз ҷониби онҳо созмонёфта барои иштирок дар нишастҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳаққи қонунӣ доранд. Изҳороти дахлдор дар ин бораро ВКХ-и толибон рӯзи чоршанбе дар Twitter нашр кард, хабар медиҳад ТАСС.

"Амороти исломии Афғонистон (номи давлате, ки “Толибон” истифода мекунанд) аз баргузории чунин нишастҳо барои беҳбуди ҳамоҳангӣ ба манзури таъмини амнияти минтақа ва рушди ҳамкориҳо истиқбол намуда, ҳамчунин иштироки Афғонистонро (ки дар ин созмон нозир аст) дар чунин вохӯриҳо ҳуқуқи қонунии худ мешуморад", – гуфта мешавад дар он.

Дар ин ниҳод зикр кардаанд, ки ҳузур надоштани намояндагони ҳокимияти Афғонистон дар нишасти рӯзи сешанбеи СҲШ "барои ҳамоҳангсозии ҳамаҷонибаи амалҳо дар самти муқовимат ба чолишҳои амниятӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии Афғонистон ва иҷрои тарҳҳои зерсохторӣ" монеаҳо эҷод мекунад.

Дар ҳамин ҳол, толибон аз бахши эъломияи ниҳоии нишаст, ки дар он раҳбарони СҲШ ба таъсиси Афғонистон ҳамчун "давлати озод, мустақил ва воҳид, аз ҷангҳо ва маводи мухаддир озод" даъват кардаанд, баҳои баланд доданд.

Сарони кишварҳои аъзои ин созмони байналмилалӣ ҳамчунин хостори таъсиси “ҳукумати фарогир бо ширкати намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ, динӣ ва сиёсии ҷомеа дар Афғонистон” шуданд.

Толибон дар шарҳи ин қисмати санад иддао доранд, ки “Аморати исломии Афғонистон аъзо ва намояндагони тамоми миллатҳо ва минтақаҳои кишварро дар бар мегирад”. Дар ВКХ-и “Толибон” илова кардаанд, ки кишварҳои СҲШ ба ин метавонанд бо арзёбии вазъ дар маҳал мутмаин шаванд.

Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2001 дар Шанхай таъсис дода шуд. Нахуст ба ҳайати он 6 кишвар – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил буданд. Соли 2017 ба онҳо Ҳиндустон ва Покистон ҳамроҳ шуданд. Рӯзи сешанбе дар шакли онлайн ҷаласаи 23-юми Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ таҳти раёсати Ҳиндустон баргузор шуд. Дар ин нишаст Эрон ба сафи кишварҳои узви Созмон пазируфта шуд.

Эрон узви 9-уми Созмон шуд. Инчунин Беларус дар бораи уҳдадориҳо, ки расмиёти пайвастани пурра ба созмонро роҳандозӣ мекунад, ёддошт ба имзо расонид.

Ҳамчунин ба ин нишаст Муғулистон ба сифати давлати нозир, Туркманистон – ба сифати меҳмони раис даъват шуда буданд. Бо вуҷуди мақоми нозирро доштани Афғонистон дар СҲШ, толибон ба ин чорабинӣ даъват нашуданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.