Ҳалокати 2 нафар дар Душанбе бар асари садамаи нақлиёт

Рӯзи 5 июл дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 2 нафар ҳалок шуданд. Тавре ки хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мошини сабукрави Mercedes-Benz зери идораи сокини 26-солаи ноҳияи Варзоб ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти ноҳия ба автомашинаи боркаши “Дулан” бармехӯрад. “Ҳангоми садама дар дохили мошини […]

Рӯзи 5 июл дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 2 нафар ҳалок шуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мошини сабукрави Mercedes-Benz зери идораи сокини 26-солаи ноҳияи Варзоб ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти ноҳия ба автомашинаи боркаши “Дулан” бармехӯрад.

“Ҳангоми садама дар дохили мошини сабукрав мусофирзани 54-сола, сокини ноҳияи Варзоб қарор дошт. Бар асари садама ронанда ва мусофири автомашинаи Mercedes-Benz дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷасади ҳалокшудагонро аз мошини пачақшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ронандаи автомашинаи боркаш ҷароҳатҳои гуногун бардоштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.