120 сомонӣ барои 1000 рубл. Рубл нисбат ба сомонӣ то сатҳи 7 сол пеш беқурб шуд

Қурби расмии пули миллии Тоҷикистон нисбат ба рубли Русия имрӯз, 6 июл аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар сатҳи 0,1200 муқаррар шудааст. Яъне 1000 рубл ба 120 сомонӣ иваз мешавад. Қурби рубл нисбат ба сомонӣ дар чунин сатҳи паст ахиран 6 декабри соли 2016 қарор дошт. Лекин соли минбаъда ба 140-150 сомонӣ (1000 рубл) […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби расмии пули миллии Тоҷикистон нисбат ба рубли Русия имрӯз, 6 июл аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар сатҳи 0,1200 муқаррар шудааст. Яъне 1000 рубл ба 120 сомонӣ иваз мешавад.

Қурби рубл нисбат ба сомонӣ дар чунин сатҳи паст ахиран 6 декабри соли 2016 қарор дошт. Лекин соли минбаъда ба 140-150 сомонӣ (1000 рубл) расида, тайи солҳои ахир тақрибан дар ҳамин ҳудуд қарор дошт.

Пас аз оғози низоъ байни Русия ва Украина тағйирёбиҳои босуръати қурб ҳам ба як самт ва ҳам ба самти дигар оғоз шуд.

Нимаи моҳи июн рубл то нишондиҳандаи 130 сомонӣ (1000 рубл) расида, аввали моҳи равон 100 рубл ба 122 сомонӣ баробар шуд.

Беқурбшавии рубл нисбат ба сомонӣ ҳамзамон бо пониравии қурби он нисбат ба доллар сурат гирифт. Ба ин тариқ, тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, қурби рубл нисбат ба доллар аз 15 июн 7,1% – аз 84,32 рубл барои 1 доллар то 90,34 доллар то имрӯз поин рафт.

Намояндагони Бонки марказии Русия тибқи маълумоти РБК, дар натиҷаи босуръат поинравии қурби рубл ҷиҳати шарҳи вазъият изҳори назар карданд.

“Бонки марказӣ хавфҳои суботи молиявиро бар асари поинравии қурби рубл намебинад, он асосан дар натиҷаи тағйирёбии тавозуни савдо сурат мегирад”, – изҳор дошт муовини аввали раиси Бонки марказӣ Ксения Юдаева ва илова намуд, ки дар баргардонидани фурӯши ҳатмии даромад аз асъор дар ин замина зарурате нест.

Муовини раиси Бонки марказии Русия Алексей Заботкин зикр кардааст, ки ҷараёни қурб аз рӯйи маблағҳои тавозуни пардохт муайян карда мешавад.

“Дар навбати аввал аз рӯи содироту воридот. Тайи моҳҳои ахир нархи молу маҳсулоти содиротии Русия поин мераванд. Қурб ин ҳолатро дар шароитҳои беруна таҷассум месозад”, – шарҳ додааст ӯ.

Иқтисодчиёни Русия низ тасдиқ кардаанд, ки сабаби аслии поинравии ҳозираи қурби рубл тағйирёбии тавзуни савдо мебошад.

“Рӯзи 1 июли соли 2022 доллар 51 рублу 15 тин нарх дошт, ҳозир аз 90 рубл гузашт. Чаро ин тавр шуд? Содирот хеле афзуда, аз содирот даромади зиёд гирифтем, ба маҳсулоти мо ҳеҷ гуна таҳримҳо ҷорӣ нашуда буданд. Моҳи декабри соли 2022 ба нафт  ва моҳи феврали имсол – ба маҳслоти нафтӣ таҳрим ҷорӣ шуд.

Яъне нафту газ бо нархҳои хуб фурӯхта мешуданд ва доллар ба кишвар ворид мешуд. Дар воридот маҳдудиятҳо буданд. Ҳамин тавр шуд, ки доллар ба кишвар ворид шуда, харҷи онҳо ба ҷое имкон надошт. Аз ин рӯ, доллар босуръат беқурб шуда, рубл мустаҳкам шуд”, – шарҳ додааст ба NGS.RU иқтисодчӣ Георгий Остапкович.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълуомти гуногун, зиёда аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия машғули кор буда, қисме аз пули коркардаашонро ба оилаҳои худ ба ватан интиқол медиҳанд. Мувофиқи маълумоти ниҳодҳои айнулмилалии молиявӣ, то 90%-и интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон бо рубл сурат мегирад.

Тибқи дастури Бонки миллии Тоҷикистон, аз соли 2016 маблағи интиқол бо рубл танҳо бо пули миллӣ (сомонӣ) бо мубодилаи он дар замони гирифтани пул дода мешавад. Мутаносибан, чӣ қадре, ки қурби рубл нисбати сомонӣ болотар богшад, ҳамон қадр оилаҳои муҳоҷирон бештар маблағ гирифта метавонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.