Фармондеҳони “Азовстал” аз Туркия ба Украина баргаштанд

Asia-Plus

Рӯзи шанбе президенти Украина Владимир Зеленский дар шабакаи Telegram-и худ хабар дод, ки аз Туркия ҳамроҳ бо низомиёне бармегардад, ки “Азовстал”-ро ҳимоя карданду сипас тибқи табодул аз асорати Русия озод шуданд ва 10 моҳ дар Туркия қарор доштанд.

"Аз Туркия ба хона ва қаҳрамонони худро ба ватан бармегардонем, – навиштааст Зеленский. – Сарбозони украинӣ Денис Прокопенко, Святослав Паламар, Сергей Волинский, Олег Хоменко, Денис Шлега дар ниҳояти кор ба назди оила ва пайвадони худ бармегарданд".

Дар шабакаи Telegram-и Зеленский инчунин навори видеое нашр шудааст, ки дар он вай низомиёнро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта, сипас онҳо ба ҳавопаймои президент савор мешаванд.

Тавре ки ВВС хабар медиҳад, бар асоси созишномае, ки бо миёнравии президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба имзо расида буд, панҷ фармондеҳи украинӣ бояд то анҷоми ҷанг “дар амн ва роҳати комил” дар Туркия мемонданд, аммо зоҳиран президент Зеленский ҳамтои туркии худро мутақоид кардааст, ки онҳоро ба ватан баргардонад.

Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков бозгашти фармондеҳон аз «Азовстал» ба Украинаро "комилан риоя накардани созишномаҳои мавҷуда миёни Маскав, Киев ва Анқара" номид.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷониби Русия дар бораи бозгашти фармондеҳони "Азовстал" ба Украина чизе хабар надодаанд.

“Шартҳои бозгашт ҳам аз ҷониби Туркия ва ҳам аз ҷониби Киев риоя нашуданд. Тибқи шартҳои созишнома, раҳбарони “Азов” мебоист то анҷоми низоъ дар Туркия мемонданд”, – гуфтааст Песков.

Песков ин ҳолатро натиҷаи фишор ба Туркия аз ҷониби НАТО арзёбӣ кард.

“Маълум аст, ки омодагӣ ба нишасти НАТО идома дорад ва албатта, дар заминаи ин омодагӣ ба Туркия фишори бузурге сурат гирифт. Ва худи Туркия, албатта, ҳамчун узви НАТО ба ин васила ҳамраъйии худро бо ин созмон нишон медиҳад. Мо инро хуб мефаҳмем”, — иброз доштааст ӯ.

Туркия бо НАТО дар масъалаҳои дигар – аз пайвастан ба таҳримҳои зидди Русия то қабули Шветсия ба ин эътилоф – ихтилофи зиёд дорад ва дар мавриди онҳо чунин гузаштҳо намекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...