Ба Сирдарё як миллион дона моҳича сар доданд

Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 июл барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир як миллион дона моҳича сар дод. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, моҳичаҳо зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед” ва “зағорамоҳӣ” мебошад, ки дар ҳавзҳои ҳоҷагии моҳипарварии ҶДММ “Корпоратсияи моҳии […]

Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 июл барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир як миллион дона моҳича сар дод.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, моҳичаҳо зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед” ва “зағорамоҳӣ” мебошад, ки дар ҳавзҳои ҳоҷагии моҳипарварии ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвариш карда шудааст.

Гуфта мешавад, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 63 хоҷагии моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки масоҳати умумии ҳавзҳо барои парвариши моҳӣ 685 гектарро ташкил медиҳад.

Хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Айнӣ ва дар шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Панҷакент фаъолият мекунанд, ки дар онҳо асосан, моҳии зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед”, “зағорамоҳӣ”, “гулмоҳӣ” “тосмоҳӣ” ва чанд намуди дигар парвариш карда мешавад.

Сипас президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир карда, дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд давоми 6 моҳи аввали соли 2023 муҳокима гардида, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда шуд.

Дар фарҷоми сафари Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок кард.

Тиргон ҷашни тобистонаи миллати тоҷик буда, таъмини зироат бо об, ҷамъоварии беталафи ҳосил, кӯмак кардан ба якдигар, заминагузорӣ барои ҳосили навбатӣ ва баланд бардоштани самаранокии замин маҳаки асосии он мебошад.

Хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навъҳои гуногуни зардолуро мутобиқи анъанаҳои миллӣ, расму оин ва хусусиятҳои хоси зардолупарварӣ дар шакли тару хушк намоиш доданд.

Айни замон дар вилояти Суғд майдони умумии боғи зардолу 50 ҳазору 90 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 34 ҳазору 389 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.

Исфара, Конибодом, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Айнӣ аз ҷумлаи шаҳру ноҳияҳои асосии зардолупарварӣ дар вилояти Суғд ба ҳисоб мераванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал бо маҳсулоти банду бастшудаи асал шинос шуд. Занбӯриасалпарварони вилояти Суғд асал, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва муми занбӯрро муарифӣ намуданд.

Теъдоди оилаҳои занбӯриасал ба ҳолати якуми июни соли 2023 дар Тоҷикистон ба 263 703 оила баробар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6 586 оила зиёд аст. Суръати рушд102, 6 фоизро ташкил медиҳад.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.