“Бо электрошокер ва автофен шиканҷа карда, куштаанд”. Додситонии кулл ҷузъиёти нави рабудани бонкирро ошкор кард

Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида, то соати 03:00, бо истифода аз  электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа карда, ба қатл расонидаанд, хабар медиҳад Додситонии кулли кишвар. Дар иттилоияе, ки Додситонии кулл нашр намуд, зикр мегардад, ки Шуҳрат Исматуллоевро як гуруҳи муташаккили ҷиноии иборат аз 10 нафар […]

Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида, то соати 03:00, бо истифода аз  электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа карда, ба қатл расонидаанд, хабар медиҳад Додситонии кулли кишвар.

Дар иттилоияе, ки Додситонии кулл нашр намуд, зикр мегардад, ки Шуҳрат Исматуллоевро як гуруҳи муташаккили ҷиноии иборат аз 10 нафар рабудаанд ва роҳбари гуруҳ Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович (“Дилшоди СБ” ё “Красавчик”) буд. Ба навиштаи ин ниҳод, нақшаи ҷинояти мазкур моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ гардидааст.

“Он вақт амалӣ намудани ҷинояти номбурда бо сабабҳои аз Саидмуродов Д.Ҳ. ва дигар аъзои гурӯҳ вобастанабуда муяссар нагардид”, – зикр мекунад Додситонии кулл.

Аммо оид ба “сабабҳои аз Саидмуродов Д.Ҳ. ва дигар аъзои гурӯҳ вобастанабуда” муфассал чизе гуфта намешавад.

Ба таъкиди Додситонии кулл Дилшод Саидмуродов бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Рустам Ашуров, Шоҳрух Хуҷаев, Акбар Ахмедов ва дигарон Шуҳрат Исматуллоевро ба деҳаи Шодоб-1-и Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурда, дар яке аз хонаҳо то соати 03:00 рӯзи 24-уми июн, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.

Ин ниҳод менависад, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва автомашинаи тамғаи “Хюндай – Соната”-ро дар километри 130-юми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

“Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд”, – менависад Додситонии кулл.

Рустам Ашӯров рӯзи 30-юми июн вақте барои убури марз ва ворид шудан ба давлати Молдова посухи рад гирифт, ду афсари амнияти фурудгоҳи Кишинёвро бо истифода аз силоҳи худи онҳо ба қатл расонид. Ҳангоми амалиёти дастгиркунии мақомоти Молдова худи Рустам Ашӯров низ захмӣ ва бистарии беморхона шуд. Барои таҳқиқи ҳодиса ба Кишиноёв чанд корманди мақомоти Тоҷикистон сафар карданд, аммо Рустам Ашуров ба худ наомада, ҷон дод.

Имрӯз, 7-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои гуфтугӯи Рустам Ашӯров бо модараш нашр шуд, ки дар он ӯ ба рабудан ва куштани одам иқрор мешавад.

Рустам Ашуров дар навор мегӯяд, ки “Шуҳрат Исматуллоевро барои биткоин (пули электронӣ) дуздиданд ва баъди шиканҷа ва ба ҳалокат расидани ӯ, ҷасадро ба дарёи Варзоб партофтаанд”.

Додситонии кулл менависад, ки “айни замон, дар доираи парвандаи ҷиноятии мазкур 5 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шудаанд”.

“Баҳри дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дигар ҷинояткорон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст”, – зикр мекунад Додситонии кулл.

Ёдовар мешавем, ки муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев рӯзи 23-юми июн, тахминан соати 20:10 дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рабуда шуд.

Ба иттилои мақомот, Исматуллоевро зӯран ба мошини сиёҳи “Хундай Соната” савор карда, ба самти ноҳияи Варзоб бурданд. Бори охир ӯро дар ҳудуди маҳаллаи Чағатой диданд ва пас аз он, изи ӯ нопадид шудааст.

Дар рӯзҳои аввали содир шудани ҷиноят, ВКД ба касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофот ваъда кард.

Дар баробари ин, таъмини амнияти нафари мусоидаткунанда, ифшои ному насаби онҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳоро тибқи талаботи қонунгузории ҶТ кафолат дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.