“271 ҳазору 820 сомонӣ боҷу андоз пардохт накард”. Воридоти ғайриқонунии таҷҳизоти барқӣ аз Хитой ба Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани интиқоли ғайриқонунии таҷҳизоти гуногуни барқӣ аз Хитой ба Тоҷикистон хабар медиҳад, ки боҷ ва андози гумрукии он 271 ҳазору 820 сомониро ташкил медиҳад. Маблағи умумии таҷҳизот беш аз 2 миллион сомонӣ аст. Тавре сомонаи расмии ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ин ҳолат рӯзи 26-уми апрел, зимни санҷиши аризаи шаҳрванд Сангов […]

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани интиқоли ғайриқонунии таҷҳизоти гуногуни барқӣ аз Хитой ба Тоҷикистон хабар медиҳад, ки боҷ ва андози гумрукии он 271 ҳазору 820 сомониро ташкил медиҳад. Маблағи умумии таҷҳизот беш аз 2 миллион сомонӣ аст.

Тавре сомонаи расмии ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ин ҳолат рӯзи 26-уми апрел, зимни санҷиши аризаи шаҳрванд Сангов Р.М. дар корхонаи истеҳсолии  “Яхдон”, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муайян шудааст.

“Шаҳрванд Маниёзов К.Ҷ. дар ҳудуди ин корхона ду адад анборхонаро ба иҷора гирифта, дар онҳо 1330 адад таҷҳизоти барқии хӯрокпазии тамғаи “Злато”, 600  адад таҷҳизоти барқии хӯрокпазии хурд, 4000 адад таҷҳизоти барқии гармидиҳӣ (радиатор) тамғаи “Bosh” ва “Samsung”, 2800 адад зарфҳои сафолӣ барои чойнӯшӣ (бокал)-ро ғайриқонунӣ, бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ нигоҳ доштааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, молҳои мазкур дар давоми моҳҳои август-сентябри соли 2022 аз Хитой “ғайриқонунӣ, бидуни назорати гумрукӣ, бо роҳи қочоқ” ба сарҳади гумрукии Тоҷикистон ворид карда шудаанд.

Тибқи маълумотномаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, арзиши умумии эҳтимолии бозоргонии ҳамаи таҷҳизоти барқӣ 2 миллиону 108 ҳазору 800 сомонӣ буда, боҷ ва андози гумрукии он 271 ҳазору 820 сомониро ташкил медиҳад.

Айни замон нисбати Маниёзов К.Ҷ. бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (содир намудани ҷинояти қочоқ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.