Хизматчии ҳарбӣ 10 сол равонаи зиндон шуд. Ӯ 31 нафарро фиреб кардааст

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе хизматчии ҳарбӣ – иҷрокунандаи масъул оид ба назорати мудофиаи ҳудудии зершуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, прапоршик Рустам Мирсалимовро барои қаллобӣ 10 сол аз озодӣ маҳрум намудааст.

Дар ин бора Додситонии кулли кишвар хабар медиҳад.

Ин ниҳод менависад, ки Рустам Мирсалимов аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2022 дар 9 ҳолат ба содир намудани чинояти қаллобӣ даст зада, 31 нафар шаҳрвандонро фиреб додааст. Зарари расида 689 ҳазору 493 сомонӣ мебошад.

Тибқи иттилои Додситонии кулл Рустам Мирсалимов ба боғчаи кӯдаконаи №31-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рафта, худро ҳамчун намояндаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ кормандони боғчаро гумроҳ месозад, ки “гуё аз ҳисоби ташкилотҳои хайриявии Арабистони Саудӣ ба оилаҳои камбизоат ва ниёзманд кӯмакҳои башардӯстона дастрас шудааст, агар хоҳишмандон барои гирифтани кӯмак ниёз дошта бошанд, метавонанд ба ӯ муроҷиат намоянд”.

“Кормандони кӯдакистон аз мақсадҳои ғаразноки Мирсалимов Р.О. хабардор набуда, ба суханони бардурӯғаш бовар карда, дар маҷмуъ 6793 сомонӣ маблағи пулиро ҷамъ оварда, ба вай додаанд. Номбурда ин маблағро гирифта, ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расонидааст”, – менависад Додситонии кулл.

Рӯзи 2-юми октябри соли 2022 бошад, Мирсалимов бо либоси низомӣ ба бозори “Меҳргон” рафта, ба соҳибкор Абдураҳимов М. худро ҳамчун корманди Комиссарияти ҳарбӣ муаррифӣ мекунад ва бо роҳи фиреб аз соҳибкор 400 халта ордро, гӯё барои ба қисмҳои харбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тақсим кардан, мегирад. Ваъда медиҳад, ки баъди пурра тақсим намудан маблағи ордҳоро ҳатман пардохт менамояд.

“Номбурда баъди гирифтани 350 халта орди навъи якум ба маблағи 115500 сомонӣ онро ба дигарон фурӯхта, маблағҳои бадастовардаро ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрванд Абдураҳимов М. ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст”, – зикр мекунад Додситонии кулл.

Ҳамин тавр, Рустам Мирсалимов 29 нафари дигарро низ фиреб намуда, маблағи онҳоро азхуд кардааст.

“Бо мақсади руёнидани товони зарари ба шаҳрвандон ба маблағи 570 ҳазору 654 сомонӣ расонида зимни баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Мирсалимов Р.О. дар як вақт аризаи даъвогии прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе баррасӣ ва қонеъ карда шуд”, – хабар медиҳад Додситонии кулл.

Ёдовар мешавем, ки ин бори аввал нест, ки командони мақомоти қудратии кишварро баро қонуншиканӣ муҳокима ва зиндонӣ мекунанд. Тибқи иттилои Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон соли 2022 барои худсарона иҳотагирӣ ва боздошт намудани шаҳрванд, ки миёни мардум бештар чун “облава” машҳур аст, нисбати дастикам 9 корманди Комиссариати ҳарбии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...