Шавкат Мирзиёев ғолиби интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон эълон шуд

Шавкат Мирзиёев, ки аз соли 2016 зимоми қудратро дар Ӯзбекистон дар даст дошт, аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар, бори дигар ғолиби интихоботи президентӣ эълон гардид. Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Ӯзбекистон дирӯз, 9-уми июл баргузор ва натиҷаҳои аввалияи он имрӯз эълон шуд. Дар ин бора хабаргузории kun.uz хабар медиҳад. Шавкат Мирзиёев 87,5 дарсад […]

Шавкат Мирзиёев, ки аз соли 2016 зимоми қудратро дар Ӯзбекистон дар даст дошт, аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар, бори дигар ғолиби интихоботи президентӣ эълон гардид.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Ӯзбекистон дирӯз, 9-уми июл баргузор ва натиҷаҳои аввалияи он имрӯз эълон шуд. Дар ин бора хабаргузории kun.uz хабар медиҳад.

Шавкат Мирзиёев 87,5 дарсад ё беш аз 13, 6 млн раъйро соҳиб гардид ва ғолиби интихобот муаррифӣ шуд.

Рақибони ӯ ҳамагӣ овози хеле ночизро ба даст оварданд ва ягон нафари онҳо ҳатто марзи 5 дарсадро убур накард.

Улуғбек Иноятов аз Ҳизби халқии демократӣ – 4,2 дарсад;

Робахон Маҳмудова аз Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат” – 4,43 дарсад;

Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби экологӣ – 3,74 дарсад овозро соҳиб шуданд.

Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон эълон кард, ки дар интихоботи президентӣ 15,6 млн нафар ё 79,8 дарсади онҳое, ки ҳаққи интихоб доштанд, иштирок кардаанд.

Баъди эълони натиҷаҳои интихобот ва пирӯзии Шавкат Мирзиёев дар он Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба ӯ занг зад ва бо ғолибият табрик гуфт.

Дар барқияи шодбошӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев аз ҷумла гуфта мешавад: “Натиҷаҳои ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ далели равшани нуфузи баланди Шумо, эътимод ва ҳимояи қавии мардуми Узбекистон аз роҳи стратегиатон мебошад, ки ба навсозии устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар ва тақвияти пайвастаи мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.