Андрей Серенко: Ғалабаи ДОИШ дар Афғонистон ногузир аст

Ду соли ҳукмронии Толибон* дар Афғонистон бунбаст ва бефоида будани ниҳояти тарҳи Толибонро нишон дод. Ивази он бо лоиҳаи ДОИШ/вилояти Хуросон* танҳо кори вақт аст, мегӯяд Андрей Серенко, директори Маркази таҳлилии Анҷумани сиёсатшиносони Русия, раиси Маркази омӯзиши сиёсати Афғонистон. Навиштаи Андрей Серенко оид ба лоиҳаҳои то ҳол дар Афғонистон амалигардида ва барои оянда пешбинишуда, ки […]

Asia-Plus

Ду соли ҳукмронии Толибон* дар Афғонистон бунбаст ва бефоида будани ниҳояти тарҳи Толибонро нишон дод. Ивази он бо лоиҳаи ДОИШ/вилояти Хуросон* танҳо кори вақт аст, мегӯяд Андрей Серенко, директори Маркази таҳлилии Анҷумани сиёсатшиносони Русия, раиси Маркази омӯзиши сиёсати Афғонистон.

Навиштаи Андрей Серенко оид ба лоиҳаҳои то ҳол дар Афғонистон амалигардида ва барои оянда пешбинишуда, ки дар телеграм канали ӯ интишор гардидааст, бо каме ихтисор мунташир мешавад.

Лоиҳаи Толибон як шакли нави вокуниши анъанавӣ ба лоиҳаи модернизатсияи навбатӣ (ин дафъа ғарбӣ) барои Афғонистон шуд. Муваффақияти Толибон дар соли 2021 на танҳо пирӯзии низоми амниятии Покистон аст, ки тавонистааст аз Толибон барои назорати Афғонистон муваффақона истифода кунад. Ин ҳамчунин, қасосгирии суннатгароён ва бунёдгароён аз навгонихоҳони нокоми Афғонистон аст.

Аммо шикасти лоиҳаи ҷумҳурияти навхоҳони ғарбӣ дар Афғонистон пирӯзии Толибон буд.

Суқути лоиҳаи ҷумҳурият дар Афғонистон дар соли 2021 поёни давраи тӯлонии таҷрибаҳои навсозии Афғонистон буд. Ин раванд солҳои 70-уми садаи 20, пас аз табаддулоти Довудхон оғоз ёфт. Ӯ талош кард бо истифода аз аз имкониятҳои ҳамкории Кобул бо Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА лоиҳаи навсозии миллиро амалӣ кунад.

Ин лоида дар натиҷаи Инқилоби моҳи апрелии соли 1978 ва ба сари қудрат омадани Ҳизби халқӣ-демократии Афгонистон қатъ гардид.

Пас аз он, озмоиши дуюми навсозӣ оғоз шуд – таҷрибаи Шӯравӣ, ки ноком шуд ва боиси сари қудрат омадани суннатгароён ё муҷоҳидон гардид.

Аммо муҷоҳидон, ки ХХДА-ро мағлуб карданд, лоиҳаи тараққиёти миллии худро барои мамлакат пешниход карда натавонистанд, дар натиҷа, онҳо дар рақобат бо лоиҳаи нави бунёдгароёни Толибон мағлуб шуданд.

Бо ҳамлаи ИМА ва НАТО ба Афғонистон дар солҳои 2001-2002 лоиҳаи сеюми навсозӣ – лоиҳаи ғарбӣ оғоз шуд. Он ҳам пас аз 20 сол бо нокомӣ ва интиқоми нерӯҳои бунёдгаро – Толибон анҷом ёфт.

Аммо, мисли муҷоҳидин дар авоили солҳои 1990, имрӯз Толибон наметавонанд лоиҳаи ояндадори рушди миллиро пешниҳод кунанд. Дар натиҷа, инрӯз Афғонистон ба бунбаст ворид гардидааст.

Аз ин вазъият ё тавассути пешниҳоди лоиҳаи нави навсозӣ ё тариқи лоихаи нав ва боз хам тундгароёнатари бунёдгароён баромадан мумкин аст.

Лоиҳаи чоруми навсозӣ умуман вуҷуд надорад. Ҳамчунон ки элитаи миллӣ вуҷуд надорад. Дар ин ҳолат тавони таҳия ва тадбиқи лоиҳаи нав ғайриимкон аст.

Дар ин ҳолат танҳо вокуниши бунёдгароёна боқӣ мемонад ва миёни Толибон ва ДОИШ/вилояти Хуросон дар ин самт рақобат ҷараён дорад. Толибон наметавонад имрӯз ба Афғонистон на як лоиҳаи навсозии амиқ ва ё вокуниши нави амиқи бунёдгароиро пешниҳод кунанд.

То ҳол ДОИШ/вилояти Хуросон дар Афғонистон ба қадри кофӣ қавӣ нест. Бо вуҷуди ин, он пайваста қувват мегирад.

Агар вазъ ба гунае, ки ҳоло ҳаст, пеш равад, муваффақияти лоиҳаи ДОИШ/вилояти Хуросон дар Афғонистон пас аз чанд сол имконпазир (ё ҳатто ногузир) хоҳад буд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.